Ё панҷоҳу ду тариқае, ки муҳаббати шавҳарро ба ҳамсараш дар партави Қуръони карим ва Суннати Набавӣ зиёд менамояд



жүктеу 1.03 Mb.
бет1/4
Дата01.05.2016
өлшемі1.03 Mb.
  1   2   3   4
: data
data -> Стандартные требования на бесшовные трубы из среднеуглеродистой стали для котлов и пароперегревателей 1
data -> Книга о человеческих достоинствах
data -> Программа дисциплины «уголовное право»
data -> Оқулық Астана, 2012 Қазақстан республикасының білім және ғылым министрлігі
data -> Меңдігүл Бұрханқызы Шындалиева
data -> «Қазіргі заман тарихын құжаттандыру орталығы» коммуналдық мемлекеттік мекемесі Шығыс Қазақстан облыстық Абай атындағы әмбебап кітапхана
data -> Мұрағат ісі саласындағы мемлекеттік қызметтерді көрсету орындары Облыстардың, Астана, Алматы қалаларының жергілікті атқарушы органдарының мекенжайы
data -> МЕҢдігүл шындалиева қазақ очеркінің поэтикасы (монография)
data -> Шығыс Қазақстан облысының Семей аймағында 2012 жылы аталып өтілетін және еске алынатын
Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?

(Ё панҷоҳу ду тариқае, ки муҳаббати шавҳарро ба ҳамсараш дар партави Қуръони карим ва Суннати Набавӣ зиёд менамояд)

Муаллиф:

Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ


Аз арабӣ тарҷумаи:

Муҳаммадиқболи Садриддин

Душанбе - 2007

ББК 86.38+87.717.7

О - 29


БУНЁДИ ҶАМЪИЯТИИ «ВАСАТИЯТ»

Маркази шўрои уламои ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти рақами 01 аз 19/04/2007 ба чоп тавсия намуд

Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некўтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам».

(Ин ҳадисро Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ибни Ҳиббон ривоят кардаанд).


Номи китоб: Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?

Муаллиф: Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ

Аз арабӣ тарҷумаи: Муҳаммадиқболи Садриддин

Муҳаррири масъул: Файзуллоҳи Аҳё

Муҳаррири матни тоҷикӣ: Акбаралии Азиз

Ҳуруфчин: Меҳрубонуи Раҳимбек

Тарроҳ: Диловари Бобохон

Ношир: Нашриёти «Суннатулло»

Супориши № 16



Теъдод: 2000 нусха
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Пешгуфтори мутарҷим

Худованди бузургро сипосгузорем, ки тарҷумаи ин китоб бо дасти ин ҷониб анҷом гирифт. Умедворем, ки Худованди мутаъол бо лутф ва раҳматаш ин китобро мақбули хонандагон созад ва онро василаи ба салоҳ омадани ҳар хонаводаи мусалмон гардонад.

Худованд (ҷ) тавассути паёмбари фиристодаи худ ҳазрати Муҳаммад (с) ҷузъитарин мушкили зиндагиро дар олами башарият боқӣ нагузоштааст. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) ба ин мазмун ривоят шудааст, ки:

«Ман баъд аз дунё реҳлат карданам барои шумо ду чизро сармашқи зиндагиатон гузоштам, то вақте ба ин ду чиз чанг мезанед, ҳеҷ гоҳ гумроҳ нахоҳед шуд: яке китоби Худованд, ҷалла ҷалолуҳу, ки Қуръони азимушшаън аст, дуввум суннати ман (яъне аҳодиси Набавӣ)».

Агар инсон ба атрофаш бингарад, мебинад, ки пойдевори аслии ҷамъиятро занон ташкил медиҳанд ва мақоми зан дар Ислом рафиъу баланд аст ва ҳатто Худованд сурае бо номи занон-«Нисо» нозил кардааст. Зан бунёд ва асоси хонавода аст. Зан агар дуруст шавад, ҷомеъа ислоҳ шуда, ба сўйи наҷот пеш меравад ва мардони бузург дар домани ҳамин бонувони покдоман парвариш ёфтаанд.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар яке шеърҳояш ба занони мусулмон хитоб карда мегўяд:

Эй ридоят пардаи номуси мо,

Тоби ту сармояи фонуси мо.

Тинати поки ту моро раҳмат аст.

Қуввати дину асоси миллат аст.

Кўдаки мо чун лаб аз шири ту шуст,

«Ло илаҳ» омўхтӣ ўро нахуст…
Инсофу адолат чизи бисёр муҳимме дар зиндагии ҳамаи инсонҳо аст. Агар инсонҳо бо ҳамдигар адолатро риоят мекарданд, башарият аз фоҷиъаҳои ҷангҳои вайронгар дар амон мемонданд. Ва агар инсонҳо дар ҳаққи Худо адолатро риоят мекарданд, хешро ва хонаводву амволашонро аз балоҳову офатҳо маҳфуз медоштанд. Зеро агар банда адолати Худовандро эътироф намояд ва Худоро дар ҳамаи он чизҳое, ки амр фармуда аст, итоъат кунад, Худованд ҳам ҳамаи ниёзҳо ва хостаҳои ўро бароварда мекунад.

Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.

Дар поён аз Худованди мутаъол ихлоси дар амалу гуфторро илтимос менамоем. Моро низ бо дуъо ёд кунед.


Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Пешгуфтор

Ҳамду сано мар Офаридагори оламро ва дуруду саломи бепоён бар фиристодаи Ў ва беҳтарини оламиён Муҳаммад (с) ва бар олу асҳобу тобиъинаш.

Ҳамоно Худованд (ҷ) неъмати издивоҷ намуданро ба мо арзонӣ дошта онро нишонае (ояте) аз нишонаҳои бузургии худ барои касоне, ки дар офаридаҳои Ў (ҷ) тафаккур мекунанд, гардонид.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﭼ الروم: ٢١

«Ва аз нишонаҳои қудрати Ўст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дўстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд».1

Худованд (ҷ) Муҳаммадро (с) ҳамчун Паёмбар ва роҳнамо ва муждадиҳандаву бимдиҳанда ба мо фиристод ва Ў (с)-ро намунае дар чанг задан ба одобу ахлоқ ва побанд будан ба манҳаҷи Илоҳӣ барои мо гардонид. Пас Муҳаммад (с) беҳтарин Паёмбар барои умматаш, беҳтарин (роҳбар) сарлашкар барои асокираш (размандагонаш), беҳтарин шаҳвар барои ҳамсаронаш ва беҳтарин падар барои фарзандонаш буд.

Паёмбар (с) шавҳаронро таълим дод, ки чӣ гуна шарики хуб барои ҳамсаронашон бошанд. Ва фармуд:

«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некўтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам».2 Паёмбар (с) худ намунаи шавҳари некў буд. Нисбат ба занонаш раҳмдил буд, табиъаташонро медонист ва эҳтиёҷоти онҳоро дар назар мегирифт. Дар рафтори худ хашмину сахтдил ва золиму мустабид набуд, балки раҳмате буд аз ҷониби Худованд (ҷ), соҳиби қалби лабрез аз шафқат. Ба таҳқиқ Паёмбар (с) барои душманонаш раҳмат буд, пас бо дўстонаш чӣ гуна хоҳад буд?! Ҳаргиз барои задани барда (хидматгор, банда, ғулом) ё зане даст набардоштааст, аз даҳонаш ҳаргиз лафзе, ки зан ё марди мусалмонеро озор диҳад, набаромадааст. Ў (с) гуфтори зиштро чун куфр бад медид. Ҳамеша дар хизмати аҳлу оилаи худ буд ва ҳар вақте бонги азонро мешунид, ба сўи намозгоҳ берун мешуд, гўё ки онҳоро намешинохт ва онҳо ўро намешинохтанд. Ҳаргиз дар ҳаққи касе ҷабру зулм накардааст. Ҳуқуқи ҳамсарони хешро ба пуррагӣ адо намуда, намунае аз адл байнашон буд.

Ва чаро байни ҳамсаронаш адолат накунад? Дар ҳоле ки Паёмбар (с) қоил ба ин аст, ки «Адлкунандагон рўзи қиёмат дар минбарҳое аз нур дар тарафи рости (ҳар ду дастони Ў (ҷ) дасти рост ҳастанд), Раҳмон ҳастанд. Ононе ки дар ҳукм ба аҳлашон ва ба зердастонашон адл мекунанд».1

Ҳарчанд саҳифаҳоро дар бораи сифатҳои Муҳаммад (с), ахлоқи эшон ва муъомилааш бо занони покдоманаш пур намоем, ҳаққи ўро (с) адо карда наметавонем, зеро маноқиби эшон ва сифатҳои некўи эшон (с) бисёртар аз шумор ва бузургтар аз адад аст. Барои мо басандааст, ки яке аз азвоҷи мутаҳаррот, Расули акрам (с)-ро мадҳ карда мегўяд: «Ахлоқи эшон қуръонӣ буд». Ин шаҳодати ҳамсарест, ки аз ҳама асрори шавҳари худ огоҳ аст ва аз умуре огоҳ аст, ки дигарон огоҳ нестанд. Аз ҳамин сифатҳои олӣ ва ахлоқи некўи беҳтарин шавҳар барои ҳамсаронаш намунае чанд хоҳем овард, то шавҳарон чӣ гуна бо ҳамсаронашон муъомила карданро биомўзанд. Сифатҳое ҳастанд, ки ҳар як шавҳари мусалмон бояд худро бо онҳо зинат диҳад, тавре ки Паёмбар (с) рафтор мекарданд ва роҳҳое ҳастанд, ки шавҳар метавонад бо пайгирӣ намудани он, қалби ҳамсарашро ба даст орад ва назди ў маҳбуб гардад. Дар бораи чунин сифатҳои олӣ дар сафҳаҳои оянда бо ёрии Қуръони карим ва ҳадиси Паёмбар (с) сухан хоҳем ронд. Инчунин дар сухани хеш аз фармудаҳои ҳукамо ва донишмандони соҳаи оилаву оиладорӣ ва баҳсҳову таҳқиқоти эшон мисолҳо хоҳем овард. Бисёртар мисолҳо зикр нахоҳем кард, лекин онро бо воқеъият дар муъомила муқоиса мекунем ва ҳар шавҳар бидуни таклиф ва машаққати нафсию баданӣ имкон дорад ба пайравии он пардозад. Аз Худованди қодиру тавоно масъалат менамоем, ки ин амали ночизи моро бипазирад ва дуъоҳои ғоибонаи хонандагонро насиби мо гардонад. Аз Худованд (ҷ) хоҳони онам, ки аз манфиъати ин амал ҳамаи шавҳарону ҳамсаронро бархурдор намояд. «Ва охиру даъвоно анилҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин».


Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ

1.

Барои ҳамсарат худро зинат бидеҳ!

Одатан шавҳар аз занаш талаб мекунад, ки худро барояш зинат диҳад ва ҳамеша дар беҳтарин сурат бошад. Боке надорад, лекин оё худи шавҳар худро барои ҳамсараш зинат медиҳад ва завҷааш ўро ҳамеша дар беҳтарин сурат мебинад?

Оё шавҳар гумон мекунад, ки зинат додан махсуси занҳосту бас ва барои мард боке надорад, ки ғуборолуду жулидамўй ва бадманзар бошад?

Ва оё зан аз шаклу шамоили шавҳараш мутаассир намешавад? Агар инчунин бошад, пас чаро шавҳар қабл аз шаби аввали арўсӣ ва ҳангоми номзад будан худро зинат медиҳаду ва либоси зебо ба бар мекунад, баъд аз он вақте ақди никоҳ мебанданд ва тўй мекунанд, муддате нагузашта нисбати афту андоми худ, сару либоси худ бепарво мегардад? Чӣ боис гардид, ки дигаргун шуд? Беҳтар он аст, ки ба ҳамон шакл боқӣ монад ва нисбати шаклу шамоили худ бепарво набошад.

Ибни Аббос (р) мегўяд: «Ҳамоно ман барои ҳамсарам худамро зинат медиҳам, тавре ки мехоҳам ў худашро бароям зинат диҳад».

Зане назди Умар (р) омада, аз шавҳари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки ўро талоқ диҳад. Умар (р) мардеро назди шавҳари ў равон карда, назди худ хонд. Шавҳари зан омад ва Умар (р) ўро дид, ки либосҳои даридаву фарсуда ва мўйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р) асҳоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба ў бигўянд, то гармоба равад ва мўйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ аҳаммият диҳад. Ҳангоме ки мард ин фармудаҳоро иҷро кард, Умар (р) ўро назди ҳамсараш даровард. Ҳине ки назди ҳамсараш ворид шуд, дар лаҳзаи аввал ҳамсараш ўро нашинохт ва аз ў ҳаё намуд. Мард гуфт: ман шавҳари ту ҳастам, оё маро намешиносӣ?!

Чун зан бо диққат назар кард, шавҳарашро шинохт ва хушнуд шуд. Зан дарк намуд, ки амирулмўъминин Умар (р) сабаби ислоҳи шаклу андоми шавҳараш ва ислоҳи ҳоли ҳардуи онҳо шудааст.

Умар (р) дар он ҳангом фармуд: «Савганд ба Худо (ҷ), ҳамоно занҳо дўст доранд, ки шумо мардҳо барояшон худро зинат диҳед, ҳамчуноне шумо мехоҳед, ки онҳо бароятон худро зинат диҳанд». Ҳамоно дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳаммият додан ба покию назофат ва ҳайати зебо амр мекунад.

Паёмбари гиромӣ (с) мефармоянд:

«Шахсе, ки дорои мўйи дароз бошад, пас бояд онро нигоҳубин намояд».1

Яъне ба покию тозагии он аҳаммият диҳад, онро шона занад. Худи Паёмбар (с) дар чашмаи об нигариста мўяшро шона мезад, яъне чашмаи обро ҳамчун ойина истифода мебурданд.

Паёмбар (с) аз беҳтарин хушбўиҳо истифода мебурд. Ў (с) ба ёрони худ мефармуд, ки ба касе аз онҳо хушбўие пешниҳод карда шавад, набояд онро рад намояд:

«Шахсе, ки ба ў райҳон пешниҳод карда шавад, набояд онро рад намояд, зеро он бўйи хуш дорад».2

2.

Лутфу меҳрубонӣ ва ҳазл намудан бо зан

Баъзе шавҳарҳо гумон мекунанд, ки вазифаи эшон омода намудани хўроку либос ва монанди инҳо ҳасту бас, яъне ҷониби моддиро дар назар мегиранду ҷониби отифиро дар ҳаёти заношавҳарӣ фаромўш мекунанд. Ҳазлу шўхӣ ва хуш намудани хотири завҷаро аз ёд мебароранд, дар ҳоле ки ин амри басо муҳим дар ҳаёти заношавҳарӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷумлаи умурест, ки аркони дўстию муҳаббатро байни зану шавҳар мустаҳкам мегардонад. Бо вуҷуди ин ки Паёмбар (с) дорои вазифаи бисёр ҳам муҳим буда ва ҳамчун раиси давлати исломӣ дар Мадинаи мунаввара ва баъдан баъди фатҳ дар Макка масъулияти бениҳоят вазнин ба дўши эшон (с) буд, лекин ў (с) ҳаргиз ҷониби отифиро дар зиндагии заношавҳарӣ фаромўш намекард. Хусусан дар баробари ҳамсари душиза ва ҷавони худ Оиша (р). Бинобар ин бисёр бо ў ҳазлу шўхӣ мекард. Гоҳо бо ҳам дар давидан мусобақа мекарданд. Як бор Оиша (р) Паёмбар (с)-ро мегузашт, боз баъдан пойга мекарданду Паёмбар (с) ҳамсари худ Оиша (р)-ро пеш мегузашт ва бо ширинзабонӣ мегуфташ, ки «Ин пешгузаштанам дар ивази он пешгузоштани ту».3

Гоҳо Паёмбар (с) Оишаро иҷоза медод, то бо найзаҳо бозӣ кардани ҳабашиҳоро дар масҷид тамошо карда ҳаловат барад. Уммулмуъминин Оиша (р) худаш ҳикоя карда, мегўяд, ки «Қасам ба Худо (ҷ), Паёмбарро (с) назди дари ҳуҷраам дидам, ва ҳол он ки ҳабашиҳо дар масҷид найзабозӣ мекарданд. Расулуллоҳ (с) бо ридояш маро панаҳ кард, то ман аз байни гўш ва китфаш бозии онҳоро тамошо кардам ва ба хотири ман шуда он ҷо истод, то ин ки ман худ тамошо карданро тарк карда баргаштам». Пас шумо ҳам қадри духтари навҷавонро бидонед, зеро ки ҳанўз синнаш хурд аст ва шавқи бозӣ карданро дорад.1

Чӣ гуна Паёмбар (с) ҳаққи ҳамсарашро дар корҳои (бозии) мубоҳ қадр намекунад, дар ҳоле ки мегўяд: «Ҳар чизе, ки бани Одам бо он бозӣ мекунад, ботил аст, магар се чиз: тир андохтан аз камонғулак ром кардани асп ва шўхию бозӣ намудан бо ҳамсар, ҳамоно ин се чиз ҷоиз ҳастанд».2

Паёмбар (с) ба Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ҳине ки аз занаш мепурсид, гуфт: «Ў (бикр) душиза аст ё саиба?» Дар ҷавоб фармуд: «саиба». Паёмбар (с) бо никоҳи душиза ўро тарғиб намуда, фармуданд: «Барои чӣ душизаро ба занӣ нагирифтӣ, то бо ҳамдигар шўхию бозӣ кунед?»3

Паёмбар (с) духтаронро иҷоза медод то назди Оиша (р) дохил шуда, бо ў бозӣ кунанд. Оиша (р) аспе дошт соҳиби ду қанот, ки бо он бозӣ мекард.

3.

Бо занон раҳмдил бошед!

Бидуни шак, ҳамаи мову шумо аз табиъати зан, ки ҳассосияти шадиде бар калом дорад, огоҳ ҳастем. Бо вуҷуди ин, бисёр вақтҳо қалби нозуки ўро бо суханони дурушт ва сифатҳои зишт маҷрўҳ месозем. Бисёр мавридҳо шавҳарон занонашонро танқид мекунанд, ки шояд баъзе аз онҳо дуруст бошанд, лекин бешак, тариқае, ки эрод мегиранд, равиши нодуруст мебошад ва дар муъомала бо зан ғайри қобили қабул аст. Ҳамин гуна рафтори нодуруст барои аз байн бурдани саодати зану шавҳар басанда аст. Дурси Декс мегўяд:

«Аввалин ҳуҷҷат дар бадбахтии зану шавҳар ин аст, ки бештар аз панҷоҳ дар сад аз занон дар маҳкамаҳои талоқ танҳо ба сабаби танқиди ноҷо талоқ мешаванд. Танқид инсонро дилшикаста ва хору залил месозад1

Гоҳо мешавад, ки ҳамсарат дар омода намудани таъоми нисфирўзӣ дер мекунад ва мешавад, ки шумо аз кор баргаштаед ва хаста ҳам ҳастед, лекин намебинед, ки ў низ ба кори хона машғул аст ва хаста мешавад?!

Набояд корҳоро ба сахтию шиддат гирифт, балки бо он бо сабру таҳаммул ва ҳакимона бояд рў ба рў шуд ва ба зудӣ хоҳӣ дид, ки ҳаётат чӣ гуна зеботар мешавад, пас бояд нисбат ба занон раҳмдил бошед.

4.

Ба ҳамсарат фурсат бидеҳ, то бо ту сухан гўяд

Зан табиъатан гап заданро аз мард бисёртар дўст медорад ва мо шоҳиди онем, ки духтарчаи хурдсол пеш аз писарчаи ҳамсинни худаш ба гап задан шурўъ мекунад ва нисбат ба ў хубтар гап мезанад. Дар таҳқиқоте, ки миёни донишомўзони мактабҳо шуда гузашт ва дар натиҷаи он бартарии духтарҳо аз писарҳо дар омўзиши забон маълум гашт. Забономўзии духтарҳо аз писарҳои ҳамсинни худ чанд маротиба боло будааст.

Зимни таҳқиқоти дигаре маълум шуд, ки вақти гап задани занҳо дар телефонҳо чанд маротиба аз мудати гап задани мардҳо бисёртар будааст.

Ифот Кристон дар китоби «Чӣ гуна ҷинси дигарро бифаҳмем?» сухани Олими забоншинос Рубин Покуфро нақл карда мегўяд: «Бисёр вақтҳо зан барои идомаи сўҳбат савол мекунад, дар ҳоле ки мардҳо саволро ба хотири касби маълумот истифода мебаранд». Яъне зан мехоҳад гуфтугў идома ёбад, гарчанд аз тариқи савол кардан бошад. Ва гоҳо мард аз ин равиш эҳсоси нороҳатӣ мекунад, чун табиъати занро намефаҳмад. Шавҳаре, ки ба ҳамсари худ, дар ҳоле ки ў гап зада истодааст, изҳори заҷр мекунад, сабаби нороҳату хиҷил гаштани ў мешавад ва ў аз сухан гуфтан худдорӣ мекунад ва дар ин ҳолат яке аз рағбатҳои асосиаш мемирад. Пас бо кӣ бояд сухан бигўяд?!

Бар шавҳар лозим аст, ки собир бошад ва сухани ҳамсарашро қабул карда (шунавида) бо ў муомилаи нарм кунад ва табиъати ў ва ҳоҷаташро ба сухан гуфтан бипазирад.

Ҳадиси Абизаръро, ки дар «Саҳеҳайн» омадааст, мо медонем. Дар он омадааст, ки уммулмўъминин Оиша (р) назди Расулуллоҳ (с) нишаста, ҳикояти ёздаҳ занеро намудааст, ки ҷамъ шуда аҳд карданд, ки ҳар яке аз онҳо чизе аз сифатҳои шавҳаронашонро аз ҳамдигар пинҳон накунанд ва ҳар яке аз онҳо нишаста, сифатҳои ҳамсари худро ҳикоя кардааст. Паёмбар (с) нишаста ба Оиша (р) гўш медод ва ў саргузашту суханони он занҳоро ҳикоя мекард. Баъди ба поён расидани суханонаш ҳазл намуда гуфт: «Ман барои ту мисли Абузаръ барои Уммизаръ ҳастам». Ин ҳадиси дароз аст, ки зикри он дар ин ҷо имкон надорад. Мақсад аз зикри ин ҳадис гўш додани Паёмбар (с) ба гуфтори Оиша (р) аст, то ин ки аз суханаш фориғ шавад.

Бо вуҷуди ин ки мардон аз сухани тўлонӣ зуд малол мешаванд ва агар зане назди шавҳараш нишаста, чунин ҳикояҳо кунад, шояд шавҳар аз ҷояш хеста, ўро тарк кунад. Аммо Паёмбар (с) чунин накард, зеро ҳоҷати занро ба сухан гуфтан медонист.

Ба таҳқиқ ҳоҷати зан ба сухан гуфтан монанди ҳоҷати ў ба таъому нўшокист. Зан сухан гуфтан дар бораи ашхосро дўст медорад. Аммо суханро дар бораи сиёсат, иқтисод ва монанди ин мавзўъҳои иҷтимоӣ намеписандад. Балки вай ҳикоят карданро аз ашхос ва чизҳое мисли фалон мард ва фалон зан ва куртаву либос ва ғайра дўст медорад.




5.

Бо номҳои нек нидояш кун!

Бешубҳа, ҳар яки мо мехоҳад, ки бо беҳтарин ном нидояш кунанд. Барои шавҳар лоиқ аст, ки номи дўстдоштае ба ҳамсараш ихтиёр карда, бо он садояш кунад, то қалби ўро ба даст биёварад. Ҳамчуноне ки Паёмбар (с) ҳамроҳи Оиша (р) мекард. Ў (с) ба Оиша (р) меҳрубонона мегуфт: «Эй Оиша». Гоҳо мегуфт: «Эй Ҳумайро».

Оиша (р) мегўяд: «Паёмбар (с) маро назди худ хонд, дар ҳоле ки ҳабашиҳо дар саҳни масҷид дар рўзи ид камонбозӣ мекарданд ва ба ман гуфт:

- Эй Ҳумайро, мехоҳӣ, ки ба сўи онҳо назар кунӣ?

Пас гуфтам:

- Бале!

Бо вуҷуди ин, месазад исме, ки шавҳар бо он ҳамсари худро нидо мекунад аз исмҳое бошад, ки ғайр аз ҳардуи онҳо касе аз он хабар надошта бошад. Аммо сухани Паёмбар (с) ба уммулмўъминин Оиша (р): «Эй Оиша ё эй Ҳумайро» ин аз боби таълими одоби муъоширати зану шавҳар барои мусалмонон аст. Хусусан занони он Ҳазрат (с) модарони мўъминон ҳастанд ва барои касе издивоҷ намудан бо онҳо баъди Паёмбар (с) ҳалол нест.


6.

Аз ташвишҳои равонӣ ва нафсонӣ барҳазар бош!

Омилҳои нафсонӣ таъсири бузурге дар робитаи зану шавҳар доранд ва шавҳаре, ки барои хурдтарин сабаб ба ғазаб омада асабонӣ мешавад хушиҳои оиладорӣ ва саодати онро аз байн мебарад.

Дини мубини Ислом барои нигоҳдошти саломатии худ ва саломатии дигарон моро таълим додааст, ки чӣ гуна бояд асаби худро идора кунем ва ғазабамонро пушонем ва корҳоро бо ҳикмат анҷом диҳем.

Дар зиндагӣ ҳатман зану шавҳар бо коре ё мушкилие рў ба рў мешаванд, ки онҳоро асабонӣ мекунад, хусусан шавҳарро. Пас оё шавҳар аз нафси худ дар ҳолати ғазаб пайравӣ кунад ё ғазабашро фурў бурда, асаби худро идора кунад?!

Гоҳо шавҳар дар ҳолати ғазаб кореро анҷом медиҳад ва баъд аз он сахт пушаймон мешавад ва пушаймонӣ суде надорад. Шавҳар бояд фармудаи Худовандро, ки сифати парҳезгоронро зикр намуда, онҳоро мадҳ намудааст, ба ёд орад:

Сухани Худо:

ﭽ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭼ آل عمران: ١٣٤

«Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурў мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накўкоронро дўст дорад».1

Акнун мову шумо бояд фикр кунем, ки то кадом андоза ғазаби худро фурў бурда метавонем ва ҳангоми қудрат доштан дигаронро мебахшем. Шавҳар бояд донад, ки ин сифатҳо бо тадбиру тафаккур ба даст меояд. Ҳеҷ инсон бо чунин сифат аз модар ба дунё намеояд, лекин бо гузашти вақту замон мешавад, ки сифатеро ба даст оред, ки қаблан дар шумо вуҷуд надошт.

Тавре ки илм бо омўзиш ба даст меояд, сабру ҳилм ва дигар сифатҳои некў низ бо омўхтан ҳосил мешаванд. Таҳқиқот ва омўзишҳое, ки мутахассисон дар маҷоли (атроф) издивоҷ ва оила анҷом додаанд, нишон медиҳад, ки зуд асабонӣ шудан дар муҳити оила хатари калон дошта, сабаби вайрон шудани бисёре аз оилаҳо мегардад.

Омўзиши Терман яке аз таҳқиқоте ба шумор меравад, ки бисёр фарох ва амиқ мебошад. Ў дар ин омўзиш таъсири омилҳои нафсонӣ бар саодати оиладориро ҷуё шуда, ба ҷустуҷўи ихтилофот байни 300 оилае, ки дараҷаи саодатмандии онҳо олӣ будааст, пардохта баъд аз он ба ҷустуҷўи 150 ҳолате оғоз кард, ки нишондодҳои онҳо камтар ҳастанд. Ў чунин мулоҳизае намуд, ки зану шавҳар дар ҳолати нофаҳмиҳову норасоиҳо дорои чунин сифатҳову амалкардҳо буданд: монанди зуд асабонӣ шудан, танқиди ғайрисозанда, майл ба ҳукмронӣ намудан ва аз байн бурдани низому тартибот. Инчунин муҳаққиқ «Терман» ба чунин хулосае омадааст, ки саодати оиладорӣ ва истиқрору оромиши виҷдон байни ҳам ба дараҷаи хеле калон робита доранд.2



7.

Ҳамсарат ҳамроҳи ту эҳсоси амну оромӣ кунад.

Бузургтарин ҳоҷате, ки зан аз шавҳари худ дорад, ин эҳсоси амну оромиш дар ҳоли ҳамроҳ будан бо шавҳараш аст ва ин, ки шавҳараш ҳаргиз аз ў ҷудо нашавад. Ҳамоно эҳсоси амну амон ҳамроҳи шавҳараш дар дўст доштан ва эҳтиром кардани зан шавҳарро муассир аст. Аммо агар зан дар ҳоли ҳамроҳ будан бо шавҳараш эҳсоси хавф ва нобоварӣ кунад, ў ба шавҳараш бо шакку шубҳа назар мекунад. Шавҳароне вуҷуд доранд, ки ҳангоми сар задани ҳар гуноҳи хурду бузург ҳамсаронашонро таҳдид мекунанд. Шахсоне ҳам ҳастанд, ки калимаи «талоқ»-ро бисёр зикр мекунанд.

Акнун худ биандеш! Чи гуна ҳамсари ту эҳсоси амну оромӣ мекунад, дар ҳоле ки ҳар субҳу шом ўро ба талоқ додан таҳдид мекунӣ?! Оё гумон мекунӣ, ки бо ин амалат меҳри ўро нисбат ба худат бедор месозӣ?!

Ҳамоно шумо (агар чунин рафтор кунед) неъмати бузурги робитаи заношавҳариро қадр намекунед. Робитаи заношавҳарӣ амри хурде нест, ки бо андак сабаби ночиз аз он халос шавӣ. Худованд онро аҳди маҳкам номидааст.

Каломи Худованд:

ﭽ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭼ النساء: ٢١



«Ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд».1

Ва Худованд (ҷ) талоқро аз нафратовартарин ҳалолҳо шуморидааст. Паёмбар (с) мефармоянд: «Манфуртарин ҳалол назди Худованд талоқ мебошад».2

Шавҳароне, ки ин калимаро (талоқро) бисёр зикр мекунанд ва шитобкорона ҳукм мекунанд, сахт пушаймон мешаванд, хусусан ҳине ки талоқ воқеъ мешавад ва аз он роҳи берун омадан намеёбанд. Шахсе, ки калимаи талоқ ҳамеша дар забонаш ҳаст ва бо хурдтарин сабаб талоқ медиҳад, бисёр ба осонӣ ҳаёташро барбод медиҳад ва пушаймон мешавад, замоне ки пушаймонӣ суд надорад.

Инчунин шавҳароне ҳастанд, ки ҳамсаронашонро таҳдид мекунанд, ки бар болои ў издивоҷ мекунад ё ўро тарк мекунад ё аз ў рўй мегардонад. Ин суханоне ҳастанд, ки шавҳар набояд онро ба забон биёрад. Издивоҷ намудани шавҳар ин аз ҳаққи худи ўст, аммо ин ки зани аввали худро вогузошта, ҳуқуқашро риъоя накунад, ин ҳаром аст, зеро ў аз раъияти шавҳар аст ва шавҳарро аз он зан пурсида мешавад.

Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар яки шумо нигаҳбон ва масъули зердастони худ ҳастед. Мард нигоҳбони аҳли байти худ аст ва ў аз зердастонаш пурсида мешавад».1

Шарти издивоҷ адл аст, на ҷабр намудан бар зани аввал. Агар шавҳар адл накунад, издивоҷи ў тавре, ки уламо гуфтаанд, ҳаром аст. Чӣ гуна баъзе аз шавҳарҳо ба зулм намудани ҳамсаронашон ҷуръат мекунанд? Оё ба хотири он ки касе нест, ки аз онҳо дифоъ кунад? Ҳар шавҳаре, ки ба ҳамсари худ зулм мекунад, бояд аз Худованд (ҷ) битарсад ва огоҳ бошад, ки Худованди бузург зулмро бад мебинад ва золимонро дўст намедорад.



8.

Аз ҳадяҳои хушҳолкунанда истифода бар!

Аз ҳама дўстдоштатар барои инсон ин аст, ки чизи дўстдоштаашро ба ў ҳадя кунед. Хусусан агар ин ҳадя ногаҳонӣ бошад, яъне бидуни огоҳии қаблии ў. Ҳангоме ки ҳамсарат мефаҳмад, ки чизи дўстдоштаашро ё мехостагиашро ҳозир кардед, ў муҳаббати туро нисбат ба худаш дарк мекунад. Ў хоҳад донист, ки шумо ўро фаромўш накардаед, лекин шояд машғул будаед ва бо вуҷуди он донистед, ки чи ўро хушҳол мекунад ва барояш ҳозир кардед.

Ин эҳсосе, ки завҷаатон ҳини ҳозир намудани ҳадяи дўстоштааш дорад, танҳо ва танҳо ба бештар шудани муҳаббат боис мешавад. Ин маънои онро надорад, ки талабҳои ҳамсаратонро иҷро накунед, то ин ки ў пофишорӣ кунаду исрор варзад ва баъд аз он ногаҳонӣ онро шумо ҳозир кунед, зеро дар ин сурат ногаҳон мужда додан манфиъат надорад, чунки ў аз талаб намудани он чиз хаста шуда буд. Ногаҳон овардани тўҳфа он вақт асар дорад, ки бе талаб кардани ў ҳозир кунед ва дар ҳоле ки шумо эҳсос мекунед, ки ў ба ин чиз ҳоҷат дорад ва ин аз шумо ҳаваси хосе талаб мекунад, ки он чизеро, ки ҳамсаратро хушҳол мекунад, дарк кунед. Бешак ин амалро шумо аз дигарон ҳам хубтар анҷом дода метавонед, агар дар ҳақиқат ҳамсаратонро дўст доред.

9.

Бо табассум ва хушҳолӣ ба ҳавлӣ даромадан.

Тавре ки аз зан талаб мешавад, ки ҳини дохил шудани шавҳараш ба манзил ўро бо хубӣ истиқбол гирад, ҳамон тавр аз мард низ талаб мешавад, ки аз дар даромада, ҳамсарашро бо табассум ва хушҳолӣ истиқбол кунад. Аввалин калимае ки бо он сухан оғоз мекунад, бояд салом бошад. Салом ин таҳияи Ислом аст. Бо ибораҳои монанди «субҳатон ба хайр», «шоматон ба хайр» набояд оғоз намуд. Худованд ба беҳтар аз он мову шуморо роҳнамоӣ кардааст ва он «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу», ки маънояш саломатӣ бод бар шумо ҳамроҳи раҳмат ва баракоти Худовандӣ, мебошад.

Баъзе аз мардум ин саломро тавҳину қадрношиносӣ мекунанд. Онҳо фазлу бартарӣ ва баракати бепоёни онро намедонанд. Ин таҳияи Ислом ва таҳияи аҳли ҷаннат аст:

Каломи Худованд:

ﭽ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬﯭ ﯮ ﯯ ﯰ ﯱ ﭼ إبراهيم: ٢٣

«Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва ба салом якдигарро таҳийят (салом) гўянд»1

Шахсе, ки ин таҳияро мегўяд, барояш аҷри бузург ва савоби зиёд навишта хоҳад шуд. Пас чӣ гуна роҳеро, ки Худованд (ҷ) барои шумо осон намудааст, то аҷру подош гиред, ба рўи худ мебандед ва ба аҳли оилаи худ, ғайр аз ин таҳияро салом мегўед?!

Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар вақте бар аҳли худ дохил мешавед, салом диҳед. Саломи шумо барои худатон ва барои аҳли байтатон баракат хоҳад буд».2

Баъд аз он аз хабарҳое оғоз кунед, ки хушҳолкунанда ҳастанд ва агар хабаре нохуш бошад аз он оғоз накунед.



10.

Бо лутфу меҳрубонӣ сухан гўед.

Занҳо, чуноне мегўянд, ҷинси латиф аз ҳама бештар ба лутфу меҳрубонӣ дар сухан ҳоҷат доранд.

Баъзан ба ҳамсарат сухане мегўӣ, ки оддӣ аст, лекин ў дигар чиз мефаҳмад ва озурдахотир мегардад. Барои мо зарур аст, ки бо зан ба таври дигар муъомила кунем на бо тарзе ки байни ҳамдигар муъомила мекунем. Барои мисол аз ҳамсарат талаб мекунӣ, ки чизе бароят ҳозир кунад, аммо ў хато карда чизи дигареро ҳозир мекунад, пас чӣ кор мекунед?! Оё ўро сарзаниш мекунед ва мегўед: «оё нағз нашунидӣ ки чӣ гуфтам? Оё ба ту нагуфтам, ки чунин биёр? Аз шумо инро талаб накардам?». Метавонед, ки чунин гўед, лекин бо ин гуфтор шумо дили ўро меранҷонед ва муҳаббати ўро аз даст медиҳед. Лутфу меҳрубонӣ куҷо шуд?

Чӣ мешуд агар мегуфтед:

- Бисёр хуб, хеле заҳмат кашидед, лекин ман инро талаб накардаам, ман фалон чизро талаб карда будам.

Равиши шумо дар сухан гуфтан бисёр муҳим аст ва ибораҳое бисёре ҳастанд, ки метавонед бо он дили ҳамсаратонро ба даст оред; монанди: «лутф карда, ин корро иҷро кунед», «агар ин корро мекардед, аз шумо миннатдор мешудам», имрўз дар омода намудани таъом бисёр хаста шудед, Шумо саъю кўшиши зиёде дар тарбияи фарзандон мекунед, «имрўз шумо аз ҳарвақта бисёр зебо шудаед», «ин либос, ки шумо ба бар доред, бисёр зебо менамояд», «тозаву пок намудани хона ва тартиб додани он кори хеле хубе буд, ки имруз иҷро кардӣ ва дигар суханони хубе.


11.

Дар он мавзўъе, ки ҳамсаратро хушҳол мекунад, сухан бигу.

Оё медонед, ки роҳ ёфтан ба қалби шахс аз тариқи сухан гуфтан бо ў дар мавзўъе, ки ў дўст медорад ё коре, ки бисёр аҳаммият медиҳад, гап задан аст? Ин қоидаро уламои равоншинос ва дастандаркорони робитаҳои иҷтимоӣ муқаррар намудаанд. Дейл Корнейги ин амрро дар китоби «Чӣ гуна дўстонро меёбӣ» таъкид намуда аз устоди адаб дар донишгоҳи «Бел» баъзе суханонро аз табиъати инсонӣ нақл карда мегўяд:

«Ҳангоми ҳаштсола буданам одат карда будам, ки дар рўзҳои истироҳатии охири ҳафта ба зиёфати аммаам равам. Дар яке аз бегоҳирўзиҳо марде ба хонаи аммаам омад, ки миёнасол буд. Пеш аз ин ўро надида будам ва дар он ҳангом ба заврақҳо рағбати зиёде доштам. Чун марди зоир (меҳмон) аз ин огоҳ шуд суханашро бо ман аз қайиқҳо ва он чи марбути он аст шурўъ кард.

Суханони ў дар вуҷуди ман асари нек боқӣ гузошт. Пас аз хайрухуш намудан ва рафтани он шахс аз аммаам пурсидам, ки ин шахс кӣ буд? Ва ба кадом сабаб ба заврақҳо эҳтимоми зиёд дорад?

Аммаам маро хабар дод, ки ў дар шаҳри Нюёрк адвокат аст ва ҳеҷ рағбате ба заврақҳо надорад. Пас аз аммаам пурсидам, ки набошад барои чӣ ҳамаи суханонаш дар бораи заврақҳо буд? Аммаам гуфт, ки чун ў марди латифу хушахлоқ аст ва дарёфт, ки ту ба заврақҳо завқи зиёд дорӣ, барои ҳамин ҳам аз чизе сухан гуфт, ки ту бештар ба он таваҷҷўҳ дорӣ.

Занон ба сифати умум баъзе суханони дўстдошта доранд ва албатта, шумо медонед, ки кадом навъи сухан ба ҳамсаратон писанд меояд, пас мувофиқи табъи ў сухан гўед ва бисёртар суханонеро гўед, ки эҳтимому таваҷҷўҳи ўро бармеангезад ва сабаби саъодату хушбахтии ў мегардад. Ҳаргиз худпарасту худхоҳ набош, зеро шахси худхоҳ танҳо дар бораи чизе сўҳбат мекунад, ки худи ўро хушнуд мекунаду бас.

Аз ҷумлаи мавзўъҳое, ки сухан гуфтан аз он назди зан хуш аст, барои мисол, ин мавзўъи тарбияи фарзандон ва ғизо додани онҳост, ки дар айни замон барои шумо низ муҳим аст. Пас ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад, ки ҳамроҳи ҳамсарат, нишаста аз тарбия намудани фарзандон ва иноят ба онҳо сухан кунед. Инчунин аз тарбияи ҷисмониву рўҳонии тифл ва ҳаллу фасли баъзе мушкилиҳо, монанди мушкили беихтиёр пешоб кардан, мушкили ҷанҷолу нофаҳмиҳо байни фарзандони хурдсол ва ғайра.


12.

Ҳамсаратро назди аҳли оилааш ва аҳли оилаи худ ситоиш намо!

Аз ҳама бештар чизе ки сабаби ғаму андўҳи зан мегардад ин аст, ки шавҳараш назди бегонагон айби ўро гўяд ва аз он ҳам зиёдтар ин аст, ки айби ўро назди аҳли оилааш гўяд. Чун зан нисбати аҳли оилаи шавҳараш ҳассосияти шадиде дорад, пас назди онҳо айбгўӣ кардани шавҳараш чӣ натиҷа хоҳад дод?. Бе шубҳа ин рафтор кори баде аз ҷониби шавҳар ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд аз ҳамсарат чизе дида бошӣ, сазовор нест, ки айбҳои ўро назди аҳли оилаат бигўӣ, балки баръакс барои шумо лозим аст, ки ўро назди падару модар ситоиш кунӣ, корҳои неки ўро зикр кунӣ. Бисёр ҳолатҳои талоқро мушоҳида намудем, ки сабабашон гуфтани шавҳар айбҳои ҳамсарашро дар назди аҳли оилаашон будааст. Чун ин сабаб мегардад, ки аҳли оилаи шавҳар баъд аз он бо он айбҳои зикрнамуда занро таъна мезананд. Ба ин кифоя накарда мавзўъро ба дигарон ба ҳамсояҳо ҳикоя карда, вазъиятро боз ҳам душвортар сохта ва сабаби ба амал омадани талоқ мегарданд. Гарчанд байни зану шавҳар мушкиле набуд, ки муҷиби ба вуқўъ пайвастани талоқ гардад. Пас бояд шавҳар бисёр кўшиш намояд, ки айбҳои ҳамсарашро дар назди аҳлу оилааш ё бегонагон нагўяд ва муҳаббати ҳамсарашро нисбати худаш ҳифз намояд. Чун ин амр аз ҷумлаи зиндагонии нек кардан бо занон аст, ки Аллоҳ (ҷ) ба он амр намудааст.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠﯡ ﯢ ﯣﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮﯯﯰﭼ النساء: ١٩

«Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, магар он ки муртакиби фаҳшои ошкоре шаванд ва зиндагонӣ кунед бо занон ба ваҷҳе писандида. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизе, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад »1


13.

Бо ҳамсарат хўшгуфтор бош!

Чӣ хоҳад шуд, агар шумо таъомеро, ки ҳамсаратон омода намудааст, айб гиред? Ё дар бораи тариқи либоспушии ў сухан гўед, ки ў написандад, ё зебоии зани бегонаро назди ў ситоиш кунед?!

Бешубҳа, ин рафтор нишонае аз бефаросатии шавҳар ва шояд камшуурии ў мебошад. Гоҳо ҳамсарат таъоме муҳайё мекунад, ки ба тариқаи каме бесифаттар, масалан аз он таъоме ки модарат омода менамуд, пас оё ин маънои онро дорад, ки ў таъоми болаззат тайёр карда наметавонад? Ва акнун шумо ҳамеша дар назди ў таъомҳои тайёрнамудаи модаратонро таърифу тавсиф намоед? Зиндагии заношавҳарӣ ба зиракию мадоро эҳтиёҷ дорад, ҳаргиз таъомашро айб нагир ё таъоми дигареро дар пеши ў тавсиф накун, чунки бо ин рафторат қалби ўро маҷрўҳ месозӣ ва нишон медиҳӣ, ки ў ҳамсари сазовор барои ту нест, пас чӣ гуна баъд аз ин аз ў муҳаббату садоқатро интизор мешавӣ?

Чӣ мешуд, агар ба ў гўед: «Дар ҳақиқат шумо таъомро хеле хуб тайёр намудед ва ин таъоми шумо беҳтарин таъомест, ки дар ҳаётам чашидаам» ва ғайра.

Гоҳо мешавад, ки ин суханон аз қабили луқма (комплимент) бошад ва ин амрест, ки дар ҳаёти заношавҳарӣ матлуб аст. Баъзе мардум шояд гўянд, ки ин дуруғгўист. Фарз кунем ки дўруғ аст. Дўруғ гуфтан аз ин навъ дар ҳаёти заношавҳарӣ мубоҳ аст, чун муҳаббатро байни зану шавҳар меафзояд ва барои марду зан дар ҳаёти заношавҳарӣ саъодат ба бор меорад. Дар ин маврид Шайх Саъдӣ барҳақ фармуда:

- Дурўғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез.

Ба ҳамин хотир, аз Умми Кулсум бинти Уқба (р) омадааст, ки мегўяд: «Аз Расулуллоҳ (с) нашунидам, ки дар амре дўруғ гуфтанро иҷозат диҳад, магар дар се чиз: «Мард сухане барои ислоҳ гўяд ва сухане ки мард дар ҳарб гўяд ва сухане, ки мард бо ҳамсараш ва ҳамсар бо шавҳараш гўяд».1

Бале, чӣ мешавад агар мард ба ҳамсари худ гўяд:

- Шумо беҳтарин зане ҳастед, ки ман дар ҳаётам дидам? Шумо имрўз хеле зебо менамоед ва ғайра. Барои чӣ шавҳар аҳёнан ба ин тариқа аз ҳамсараш дилҷўӣ намекунад? Акнун бо худ биандеш, ки оё чанд рўз ё ҳафта ё моҳ пештар ҳамсаратро бо суханони нек таъриф кардаӣ, рафтори ўро ё шаклу сурати ўро? Баъд аз он боз аз сахтдилии ҳамсар шикоят мекунед!

Ҳамоно Умар (р) дар замони халифаи мусулмонон буданаш, ҳангоми муҳокимаи зане, ки ба суоли шавҳараш, ки оё маро дўст медорӣ, ҷавоби манфӣ дода буд, Умар (р) ўро назди худ хонда пурсид:

- Барои чӣ чунин гуфтӣ?

Зан гуфт: Маро савганд дод ва ман дўруғ гуфтан нахостам.

Умар (р) гуфт:

- Бале, яке аз шумо дар ин масъала бояд дўруғ гўяд ва дилҷўӣ кунад. На ҳар хонадон бар асоси дўстию муҳаббат бунёд мегардад, балки зиндагонӣ кардан бар асоси Ислому насаб аст.

Мақсади Умар (р) ин аст, ки зан бояд дар сухани худ бо шавҳараш дилҷўӣ карда, гўяд ки ман шуморо дўст медорам. Мешавад, ки чунин набошад, лекин аз боби дилҷўӣ ва дилёбӣ.. ва шояд қалбҳо дигаргун шаванд!

Шавҳар низ бояд чунин гўяд ки ман шуморо дўст медорам, гарчанде чунин набошад. Шояд Худованд дар рафтори ҳамсараш дигаргуние биёварад ва муҳаббати ўро зиёд гардонад. Пок аст Худованде, ки тасарруфи дилҳо дар дасти ўст.



14.

Усули муҳаббат байни шумо.

Бисёриҳо ба ин андешаанд, ки занҳо ба сифати умум гулро дўст медоранд. Гул барои зан чизи муҳим аст ва он аз ҷиҳати моддӣ ҳадяи бисёр оддист, лекин аз ҷиҳати маънавӣ дар нисбати занҳо чизи хеле бузург аст. Пас оё ягон маротиба шавҳар дар бораи як даста гули зебо овардан ба ҳамсараш фикр кардааст? Ё ҳатто як дона гул барои ў ҳозир намудааст! Ҳамчун изҳори муҳаббати ў? Ҳадя ин бисёр чизи муҳим ва зарурист, он муҳаббатро байни ду тараф меафзояд. Баланд будани нархи тўҳфа шарт нест. Шахсе, ки қимати ҳадяро ва баланд будани нархи моддии онро менигарад, ҳаргиз маънои ҳадяро дарк накардааст. Ў инсони моддист, маънои муҳаббатро дар ҳақиқат нафаҳмидааст. Агар ман ҳадяи оддие ба шахсе пешниҳод намудам, ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки ман ўро дўст намедорам.

Инчунин пешниҳод намудани тўҳфаи қиматбаҳо аз шахсе ба дигаре маънои онро надорад, ки ҳадякунанда ўро бисёр дўст медорад. Гоҳо ин дуруст мебарояд ва гоҳо шояд чунин набошад. Ҳеҷ алоқае байни андозаи муҳаббат ва қимати ҳадя вуҷуд надорад, магар ки инсон бахил бошад ва ин чизи дигар аст, лекин ба шакли умум тўҳфа нишонаи дўстию муҳаббат аст. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Байни ҳам ҳадя диҳед, то дўстиатон биафзояд».

Маросимҳои зиёд барои зан вуҷуд дорад, ки мард онҳоро медонад ва сазовор аст, ки ҳамсарашро дар онҳо фаромўш накарда аз тўҳфаҳо истифода барад.




15.

Зиндагиро хуш гузарон!

Аз ҷумлаи чизҳое ки бисёре аз занонро дар ҳаёти заношавҳариашон дилгиру хаста мекунад, эҳсоси андўҳ ва малол шуданашон аз корҳои ҳаррўзаву якранги рўзгору зиндагии онҳост. Ин амр дар охир натиҷаи манфии худро бар фазои оила меорад.

Шавҳари комёб касест, ки ҷўёи ҳаёти саъодатмандона аст, касест, ки мехоҳад муҳаббати ҳамсараш нисбати ў зиёд гардад.

Ин гуна шавҳар шахсест, ки намегузорад ҳаёти оилавиаш малолкунанда бошад. Барои ба даст овардани ин чандин корҳоро анҷом додан мумкин аст, ки як оила, аз дигараш бо зиндагии саъодатмандонааш фарқ кунад, тавре ки як муҳит, бо муҳити дигар фарқ дорад. Муҳити деҳа ғайри муҳити саҳро ё шаҳр аст. Инчунин оилаи фақиру нодор ғайри оилаи сарватманду дорост василаҳо фарқ мекунанд, лекин на ба таври куллӣ, чунки то андозае муштарак ҳастанд. Масалан, барои тамошои кўҳу лолазор рафтан (бидуни дар назардошти макони он ва имкониёти он). Ба чунин сайру сайёҳат баромадан, бешубҳа, маҷрои ҳаётро хеле дигаргун месозад, хастагию зиқӣ ва ташвишро дур сохта, ҳаракату нишотро дар вуҷуди инсон зинда месозад. Ин гуна корҳо шавқу рағбати занро нисбат ба зиндагии заношавҳарӣ зиёд мекунад ва муҳаббаташро нисбат ба шавҳараш меафзояд. Зиёрату дидорбиниҳои оилавӣ низ аз ҷумлаи василаҳое ҳастанд, ки зиқиву малолро аз фазои хона дур месозанд. Илова бар ин бо ин зиёратҳо силаи раҳмро ба ҷо меоранд, фарзандон бо хешу ақрабои худ вохўрда бо ҳам бозӣ мекунанд ва меҳру муҳаббат байни онҳо меафзояд, инчунин аз василаҳои дур намудани хастагӣ аз фазои оила, ин муҳофизати зану шавҳар ба тоъату ибодати илоҳӣ ва ибодатҳои фарз- шуда хусусан, намозҳои панҷгонааст, зеро адои онҳо дар вақташ сабаби роҳати рўҳи инсон мегардад, инучунин дуъои «Маъсур» аз Паёмбар (с) низ василае хубе барои рафъи хастагию малол мебошад, ки худи Ў (с) фармудааст: «Худоё, ҳамоно паноҳ мебарам ба шумо аз ғаму андўҳ ва паноҳ мебарам ба шумо аз нотавонию танбалӣ ва паноҳ мебарам ба шумо аз бахилию буздилӣ ва паноҳ мебарам ба шумо аз ғолиб омадани қарз бар ман ва аз қаҳри мардон».1

Бешубҳа, ҳангоме ки шахси мусалмон ҳар субҳу шом ин дуъоро мехонад, Худованди бузург ғаму андўҳ ва хастагию малолро аз ў дур мекунад.

Василаҳои зиёди дигаре низ вуҷуд доранд, ки боиси рафъи хастагию озурдагии инсон мешаванд. Барои намуна чанде аз онҳоро зикр мекунем:

Шинос шудан бо одамони нав; изҳори муҳаббат нисбати шахсе, ки дўсташ медоред; қайд намудани чизҳо ё корҳои мусбате, ки анҷом додаӣ ё мехоҳӣ, ки анҷом бидиҳӣ; мутоълиаи китоби нав; ситоиши сифати мусбате, ки дар ҳамсарат ё дар ягон рафиқат вуҷуд дорад; гирд омадан ҳамроҳи рафиқон барои корҳои хайр ва тоъат.

16.

Айбҳои ҳамсаратро бипазир!

Ҳаёти оилавӣ пур аз воқеъаву ҳодисаҳост. Тавре мегўянд ҳаёти якумрист. Аз ин рў, зану шавҳар ба ҷонибҳои мусбат ва манфии шахсияти якдигар аз наздик шинос мешаванд ва гоҳ мешавад, ки айби муайяне дар зан ба шавҳар маъқул намеафтад. Имкон дорад, ки қабули он айб ба шавҳар хеле сахт тамом шавад, лекин дар айни замон дар шахсияти зан низ ҷонибҳои мусбати зиёде вуҷуд доранд. Ҳамаи ин шавҳарро бояд водор созад, ки дар ин амр шитобкорӣ накарда, нисбати зан танҳо аз як ҷониб ҳукм накунад, балки ҳарду ҷониб: мусбат ва манфии шахсияти ўро дар назар гирад ва барои як айби ночизе, ки дар табиъати ўст, ўро инкор накунад.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠﯡ ﯢ ﯣﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮﯯﯰﭼ النساء: ١٩



«Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, магар он ки муртакиби фаҳшои ошкоре шаванд ва зиндагонӣ кунед бо занон ба ваҷҳе писандида. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизе, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад».1

Пас набояд шавҳар барои хислати ночизе занашро бад бинад. Расули акрам (с) мефармояд: «Нафрат намекунад марди мўъмин зани мўъминаро. Агар хислати муайянеро, ки дар ўст бад бинад, хислати неки дигараш ўро розӣ мегардонад».2

Шавҳар бояд огоҳ бошад, ки ҳаргиз зане, ки аз айб холӣ бошад, намеёбад. Имкон дорад, ки занаш бо вуҷуди айбҳояш аз бисёре аз занон беҳтар бошад. Агар инро фаҳмидан хоҳед, метавонед варақу қаламе ба даст гирифта, ҷонибҳои мусбату манфии шахсияти ҳамсаратонро нависед ва ба зудӣ дар хоҳед ёфт ки ҷонибҳои мусбат хеле зиёданд. Шумо огоҳ бошед, ки дар ҳаёти заношавҳарӣ имкон надоред ки завҷае пайдо кунед, ки сад дар сад мувофиқи табъи шумо бошад. Ҳатман табиъатҳо бо ҳам ихтилоф доранд ва ҳатман чизҳоеро мебинед, ки писанди шумост ва чизҳое ҳастанд, ки писанди шумо нест.

Луронс Гулд дар китоби худ «Аз ҳаёт лаззат бибар» мегўяд:

«Беҳтарин чизе ки издивоҷ намуданро метавон бо он ташбеҳ намуд, ин мағозаи хўроквориест, ки он ҷо ғизоҳои гуногун омода шудааст ва ғизое, ки он ҷо мувофиқи табъи шумо омода шавад, вуҷуд надорад. Фурсат дар дасти шумост, ки беҳтарин навъи таъомро мувофиқи табъатон ихтиёр кунед. Агар издивоҷ намуданро низ чунин тасаввур намоед онро хеле хушҳолкунанда ва дилпазир хоҳед ёфт».

Луронс бо ин сухани худ мехоҳад бигўяд, ки завҷаи шумо тавре ки шумо мехоҳед нест ва нахоҳад буд, зеро ў то синни издивоҷаш тарбияе гирифтааст, ки аз тарбияи гирифтаи шумо фарқ мекунад ва табиъатеро касб кардааст, ки ғайри табиъати шумост. Эҳтимол дорад, ки дар баъзе корҳо бо шумо мувофиқ ва дар баъзеи дигар аз шумо фарқ дошта бошад. Ин ҳақиқатро пазируфтан лозим аст. Набояд бо ҳаёт муқовимат намуд ва хислатеро, ки ҷузъи табиъати инсон гаштааст мағлуб сохт. Тағйир додани он кори осон нест, гарчанде мумкин аст, лекин баъд аз муддати дароз ва сабри ҷамилу кушишҳои пайгирона.



17.

Муноқиша дар корҳои ночиз.

Байни зану шавҳар гоҳо ихтилофоту нофаҳмиҳо рўй медиҳанд, лекин ҳал нанамудани ин гуна мушкилоту нофаҳмиҳо ва побарҳаво гузоштани онҳо сабаб мегардад, ки онҳо ҷамъ шуда бузург шаванд ва ҳалли онҳо гарон шавад. Дар ҳоле ки бинандаи боинсоф ҳукм хоҳад кард, ки он чи байни занушавҳар рўй додааст, боиси ихтилоф нест.

Бинобар ин Дейл Корнеги гуфтааст: «Мушкилоту ихтилофоти ночиз ва хурд дар ҳаёти заношавҳарӣ метавонад ақлҳои шавҳарону занонро мунҳариф созад, бирабояд ва сабаби дарди дил гардад, ки нисфи олам аз он дар азобанд».

Ҳамаи ин бо кадом сабаб аст? Иллати асоси ба фикри мо ин мушкилоту ихтилофоти ночиз нест, балки тариқаи бархурд бо ин мушкилот аст. Дар ҳақиқат асабонӣ ва дилгир шудани шавҳар ва сабр намудани ў бар баъзе аз ин гуноҳони хурде ки аз зан содир мешаванд, сабаб мешавад, ки рўҳи инсон зуд аз ин ихтилофоту мушкилоти кўчак ба танг ояд. Агар шавҳар корро ба осонӣ гирад ва ба сабаби ин гуна корҳо зуд асабонӣ нашавад ва занро дар он маъзур дорад, баъд аз чанд муддат он мушкилро эҳсос нахоҳад кард. Лекин шавҳар дар ҳамаи ин корҳо асабонӣ шуда, занро заҷру танбеҳ кунад, ана ин мушкили ҳақиқӣ аст.

Яке аз қозиҳое ки бештар аз 40 – ҳазор қазияи талоқро ҳукм намудааст, баён доштааст, ки «Ҳамеша умури ночиз сабаби бадбахтии зану шавҳар мегардад».

18.

Дар корҳои хона ба ҳамсарҳоят ёрӣ расон.

Шарт нест, ки дар корҳои хона ба таври доим ба ҳамсарат ёрӣ диҳӣ, лекин ҳангоме ки гоҳ – гоҳ ёрии туро дар умури хона завҷаат мебинад, худро хушҳолу саъодатманд ҳис мекунад ва муҳаббаташ нисбат ба шумо меафзояд. Баъзе аз шавҳарҳо чунин мепиндоранд, ки иҷро кардани ҳар гуна кори манзил сабаби кам гаштани қадру манзалати онҳо мегардад. Ин мутлақан пиндори нодуруст аст. Беҳтарин фарзанди Одам, Паёмбари бузургвор (с) беҳтарини мардумон аз нигоҳи муъомала бо аҳлу аёлашон буданд. Бо вуҷуди бисёр будани машғулиятҳои даъватиашон ёвари хубе барои ҳамсаронашон дар умури манзил буданд. Уммулмўъминин Оиша (р)-ро аз Паёмбар (с) дар ин бора суол карда шуд, ки чунин мегўяд: «Шахсе буд, ҷомаи худро медухт, шири гўсфандро медўшид ва хидмати худро мекард».1

Инчунин Оиша (р) мегўяд: «Паёмбар (с) дар хидмати аҳли оилааш буд ва ҳангоме ки вақти намоз фаро мерасид, ба намозгоҳ мешитофт».1

Хидмат намудани зан шавҳарашро воҷиб аст, аммо кўмак намудан ба зан дар умури манзил аз ҳусни муъошират ва аз василаи афзудани муҳаббат байни онҳост, хусусан ҳангоме ки зан аз умури хона хеле хаста мешавад.



19.

Дар эҳсосоти худ бахил мабош.

Бахилтарин мардум касест ки бо ҳамсараш аз нигоҳи меҳру муҳаббат бахилӣ мекунад ва шахсест, ки ҳангоми мулоқоти рўҳию ҷисмонӣ ё тавре мегўянд алоқаи ҷинсӣ бо ҳамсараш бахилӣ мекунад. Ин бахилӣ ҳангомест, ки мақсади шавҳар танҳо ризо сохтани нафси худ ва баровардани ҳоҷаташ бошад. Ва ба ҳоли ҳамсараш ва ризо намудани ў назар накунад, ки оё ў низ монанди худаш ризо шудааст ё на. Ин сабаби аз даст рафтани тавофуқи ҷинсӣ мешавад.

Имом Ғаззолӣ мегўяд:

«Баъд аз он ҳангоме ки шавҳар ҳоҷаташро бароварда сохт, пас бояд бар аҳлаш мўҳлат диҳад, то ў низ ҳоҷаташро бароварад. Шояд баровардани ҳоҷати ў тўлонитар анҷом пазирад, бинобар ин, шавҳар бояд шаҳвати ўро барангезад. Ба ҳоли худ гузоштани зан дар ин ҳолат сабаби озори ў мегардад ва ихтилоф дар зуҳури «инзол» (расидан ба авҷи лаззат ва шаҳват) сабаби нафрат мегардад».2

Тавофуқ, яъне мувофиқат дар инзол барои зан хеле болаззат аст. Пас бояд шавҳар танҳо бо худ машғул нашавад ва ба ҳамсараш низ аҳаммият диҳад, зеро ў шояд аз ибрози ин масъала шарм кунад. Баъзе шавҳарон гумон мекунанд, ки зан бояд рағбати ҷинсии онҳоро қонеъ кунад ва бар худи онҳо лозим нест, ки одоби ҳамхобагиро риъоя кунанд. Ин, албатта, хатои маҳз аст.

Аз ҷумлаи одоби ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) ин унс гирифтан бо зан, лутфу меҳрубонӣ бо ў ва ҳазлу бозӣ ва суханони гарм гуфтан бо ўст, то вай низ ба ин кор омода шавад ва ҷавоби мусбат диҳад. Бўса намудан, даст задан, сухани гарм гуфтан ва ғайра ҳамчун умури муқадамотӣ барои ҳамхобагӣ хеле зарур ва муҳимманд. Пас барои шавҳар лоиқ нест, ки монанди ҳайвон бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ кунад, балки байни худ ва ҳамсараш бояд корҳои муқадамотие, ки дар боло зикр гардид, анҷом пазирад. Шавҳар бояд огоҳ бошад, ки бетафовут будан нисбат ба ҳамсараш дар ин амр, сабаби тира гардидани алоқа байни онҳо мегардад.

Инчунин ин амр сабаби пўшидае барои бисёре аз мушкилиҳо мешавад, ки зан ҳарос намуда, онро ошкор намесозад ва далелҳои дигар меорад, ки ҳаққонӣ нестанд. Яке аз табибони мутахассис ҳолати теъдоди зиёде аз занону шавҳаронро таҳқиқ кард ва ин баҳсу таҳқиқи ў чандин сол давом намуд ва натиҷаи бисёр муҳим ва хатарнок ҳосил намуд, ки дар китобаш «Хатои шавҳарон чист» онро баён доштааст. Ин табиб доктор Ҳомилтун аст. Ў хулосаи натиҷаи ин ҷустуҷўйи тўлониро чунин мегўяд:

«Дар ҳақиқат даст наёфтан ба тавофуқи ҷинсӣ ҳамеша асоси ҳар издивоҷи ноком аст. Ҳар мушкилоти дигареро ҳамсарон метавонанд аз мадди назар дур гиранд, агар тавофуқи ҷинсӣ байни зану шавҳар ҳосил шавад». Оё баъд аз ин (натиҷаи ҳосилшудаи мазкур) шавҳар нисбати ҳамсараш дар ҳосил намудани тавофуқи ҷинсӣ ва лаззат бурдан бахилӣ мекунад?

20.

Нуқта назари ҳамсаратро эҳтиром кун.

Баъзе шавҳарон ақли ҳамсарони худ ва тариқаи фикр намудани онҳоро масхара мекунанд. Ин гуна шавҳарон бо чунин амалашон танҳо мушкилро меафзоянд ва хоҳишманди хушбахт шудан дар ҳаёти заношавҳарӣ нестанд. Ҳамчуноне ки ин гуна шавҳарон сазовори эҳтироми ҳамсаронаш нестанд, зеро эҳтиром амри дуҷониба аст ва ҳар вақте шахсеро эҳтиром накунед, ў низ шуморо эҳтиром намекунад, гарчанде шумо инро баръакс фаҳмед. Зане, ки аз шавҳараш чунин рафторро мушоҳида мекунад, ҳаргиз ўро дўст намедорад. Як масъалае вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардҳо онро ғалат мефаҳманд ва он гумони эшон бар ин аст, ки ақли зан заъиф аст, заковату зиракиаш кам аст ва тариқаи тафаккураш каҷ ва носолим аст ва раъйи дуруст дошта наметавонад. Ин суханоне ҳастанд, ки ҳеҷ гуна асос надоранд ва масдари он фаҳми нодурусти баъзе аҳодисест, ки дар ин мавзўъ ворид шудааст. Масалан ҳадиси «Занон кўтоҳақлу кўтоҳдин ҳастанд». Баъзеҳо ғалат мефаҳманд, ки гўё нуқсону кўтоҳии ақл ин ҷо заковати сусту тариқаи носолими фикр аст.

Ин андеша нодуруст аст. Мақсади ин ҳадис аз кўтоҳақлӣ он аст,ки фаромўшхотирии зан бештар аз мард аст, чун зан ба бисёр корҳое дучор мешавад, ки ба фаромўшхотирӣ сабаб мешаванд, хусусан дар ҳаёти оилавӣ. Далел ба ин гуфтаҳо ҳадиси Паёмбар (с) аст, ҳине ки занон пурсиданд:

- Эй Расули Худо, нуқсони ақлу дини мо чист?

Фармуданд (с):

Оё шаҳодати зан нисфи шаҳодати мард нест?

Гуфтанд:

- Бале!


Боз фармуданд (с):

- Ин аз нуқсони ақли ўст, оё зан ҳангоми ҳайз диданаш намозу рўзаро тарк намекунад?

Гуфтанд:

- Бале, эй Расули Худо.

Фармуданд (с):

- Ин аз нуқсони дини ўст».1

Акнун нуқсоне, ки дар ҳадис ворид шудааст, маънояш равшан гашт. Инчунин нуқсони дини ў маънии нуқсон дар ҳақиқати динро надорад, балки мақсад нуқсон дар баъзе умури ибодат аст, ки зан барои тарк намудани адои он пурсида намешавад, балки агар он амрҳоро дар он ҳангом адо кунад, ҳаром хоҳад буд. Барои зани ҳайзбин рўзаву намоз ҳаром аст, агар онро анҷом диҳад, гунаҳкор мешавад. Пас ақли зан мўҳтарам аст. Занҳое вуҷуд доранд, ки заковаташон аз бисёр мардҳо беҳтар аст.

Нуктаи асосӣ дар ин амр ин аст, ки Худованд заковати занро ба андозаи дигар офаридааст, ки аз мард тафовут дорад. Ин барои ҳикматест, ки Худованд (ҷ) худ ба он доност.

Шояд ин ба сабаби ғанӣ гардонидани ҳаёт бошад, то нав ба нав гардад ва танҳо мард бо ақли худ дар он ҳаким (ҳукмкунанда) набошад, балки шояд отифаи пурҷўшу хурўши зан ҳаётро маънои дигар бахшад. Аммо агар маншаъи ин гуна эътиқод дар мардҳо нисбати ақли занон ба таври дар боло зикр шуда набошад ва дар ҳақиқат ҳам бо зане издивоҷ намудааст, ки заковаташ суст аст ва тариқаи тафкираш носолим аст, пас ҳоҷате нест, ки он айбро дар рў ба рўяш бигўяд ва доим фикри ўро носолим шуморад, балки бар ў воҷиб аст, ки он айбро аз ў бипазирад, чун бо ҳамон айб ўро издивоҷ намуда буд, пас аз рўи инсоф нест, ки бо амре ки дар ихтиёру тавоноии ў нест, ўро айбдор кунад.

Масъалаи дигаре, ки хеле муҳим аст, ин иштироки зан дар корҳои хона ва андешарониву ба нақшагирии умури он ҳамроҳи мард ва машварат бо зан дар ин корҳост. Эътиқоде байни бисёре аз мардҳо роиҷ аст, ки «машварат бо зан хонаро вайрон мекунад». Ин гуна фикр бо баъзе занҳо рост меояд, лекин дар ҳақиқат баъзе занҳо ва баъзе ҳамсарҳое ҳастанд, ки аз шавҳарашон дида фикрронии хуб доранд.

Машварат бо эшон сабаби ислоҳи бисёре аз корҳо гардидааст, ки шавҳаронашон онро фосид намуда буданд. Пас машварат бо зан ҳеҷ бадие надорад, чуноне ки баъзе мардҳо мепиндоранд. Баъзе мардум ин гуна ақида доранд он ҳам бо такя ба ҳадиси мавзўъ (дўруғ), ки мегўяд: «Машварат кунед бо занон ва мухолофат кунед эшонро». Ин муҷарради як сухан аст. Шояд вазъкунандагони он ашхосе, ҳастанд, ки занро дар ҳаёти мусалмонон мехоҳанд аз саҳна дур созанд ва оиларо фосид кунанд. Ин ҳадафест, ки душманони уммати исломӣ кайҳо боз дунболи он ҳастанд.

21.

Нисбати ҳамсаронат гумони нек дошта бош!

Пайдо шудани гумони бад нисбати зан саъодату хушбахтиро дар оила хотима мебахшад. Аз қоидаҳои маъруф дар алоқаҳои инсонӣ ин аст, ки «шубҳа сабаби ба вуҷуд омадани шак ва гумони бад мегардад ва боварӣ сабаби ба вуҷуд омадани боварӣ мегардад». Пас ҳангоме ки ба шахс бовар кардед, ў низ шуморо бовар мекунад ва хиёнат намекунад. Ин амр, албатта, ба шахсоне рост меояд, ки аз асл поку беолоиш ҳастанд, аммо хиёнатпешаву дуздҳо ва монанди онҳо сазовори боварӣ нестанд. Асл дар онҳо бадгумонист. Шавҳаре, ки зани мусалмону побанд ба исломро аз оилаи мусалмону мўҳтараме ба занӣ гирифтааст, дар ҳақиқат интихоби хубе кардааст. Асл дар чунин ҳамсар побанд будан ба дин ва ахлоқи нек аст. Пас набояд шавҳар аз паси гумонҳову ваҳми худ рафта, ўро дунболагирӣ кунад. Агар шавҳар чунин рафтор кунад оилаи худашро бешак вайрон кардааст ва ҳамсараш айбе надорад, балки шавҳар гунаҳгор аст, зеро, ки ин амали ў сабаби озори завҷааш мегардад ва зулм бар ў мешавад.

Паёмбар (с) низ аз чунин амал манъ намудааст. Дар ҳадиси шариф омадааст:

«Манъ намудааст Расулуллоҳ (с) аз даромадани мард бар аҳлаш шабона барои ҷўё шудани хиёнати онҳо ё камбудии онҳо».1

Дар ҳақиқат Паёмбар (с) пайравӣ намуданро аз рашки ноҷо, ки гумон ва шакку шубҳаро дарбар мегирад ҳаром гардонидааст, ки он сабаби азоб додани зан бидуни ягон асос мегардад

Паёмбар (с) мефармоянд:

«Ҳамоно ғайрат рашк намудане ҳаст, ки Худованд онро дўст дорад ва дигар навъе ҳаст, ки Худованд аз он нафрат дорад. Аммо он ғайратро ки Худованд дўст дорад ғайрат намудан дар шак аст. Аммо ғайратеро ки Худованд аз он нафрат дорад, ғайрат дар ғайри шак аст».2

Дар ҳақиқат бисёр мушоҳида намудаем, ки чӣ гуна шайтон шубҳа гумони бад ва ваҳмро дар дили баъзе шавҳарҳо дохил намуда, сабаби тўҳмат намудани ҳамсарҳо мешаванд, ки эшон аз он тўҳматҳо пок ҳастанд. Натиҷаи охири ин амалҳо вайрон гардидани оилаҳои мусалмон асту бас. Мушкилиҳои гумони бад ин аст, ки халос шудан аз он душвор аст ва ин ки соҳибаш ғайр аз он чизеро намебинад. Гоҳо мешавад, ки ҳазорон сабаби дигар вуҷуд дорад, лекин ғайр аз он гумоне, ки дар зеҳнаш мегардад. дигар чизеро намебинад.

Бинобар ин Худованд (ҷ) мефармояд:

ﭽ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭼ النجم: ٢٨

«Ва ҳаройна, гумон барои шинохти ҳақиқат нест!»3

Паёмбар (с) фармудааст:



«Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурўғтарини суханон аст».2



22.

Ба ҳамсарат ҳамчун ҳамсари намунавӣ назар намо!

Баъзе шавҳарҳо гумон мекунанд, ки насиҳату роҳнамоиҳои зиёде, ки ба ҳамсарашон тақдим мекунанд, сабаби ислоҳи айби онҳо мегардад ва баъд аз муддате шикоят карда мегўянд: ҳамаи саъю кўшишамро барои ислоҳи ў сарф намудам ва бо вуҷуди он ҳам чизеро тағйир дода натавонистам?! Сабаби ин ҳама дар чист?

Дар ҳақиқат ин гуна шавҳар чӣ гуна бархурд намудан бо ҳамсарашро надонистааст, балки чӣ гуна имкон доштани ислоҳи айби мардумро нафаҳмидааст…

Агар шахсеро танқид карда, ўро пай дар пай барои кори муайяне итобу сарзаниш кунед, оё ин сабаби ислоҳ гардидани он шахс мегардад?! Ҳақиқате, ки воқеъиятро таъйид мекунад, ҷавоби манфӣ медиҳад.

Чунки ҳар шахс ҳангоме ки танқиду итобу сарзаниш ба хотири амале ба сўи ў равона мегардад, ў ба он амр аҳаммият надода, ба шахсияти худ аҳаммият медиҳад ва кўшиш мекунад, ки аз шахсияти худ дифоъ кунад ва шахсияташро пок созад. Касоне, ки бо ҳамсаронашон ҳамин гуна рафтор мекунанд, бо чунин натиҷа рў ба рў мегарданд.

Пас агар мехоҳед, ки дар зиндагии оилавиатон саъодатманд бошед, бояд ҳамсаратонро ситоиш кунед ва ўро огоҳ созед, ки ҳамсари намунавист. Баъд аз он агар мехоҳед, ки камбудиеро ишора карда ислоҳ кунед, пас бояд баъд аз ситоиши корҳои неки ў, ки анҷом додааст, онро баён доред ба ин тариқа насиҳати шуморо мепазирад ва муҳаббаташ низ нисбати шумо меафзояд.



23.

Ба ҳамсарат дар рушди истеъдоду тавонмандиҳояш кўмак расон

Оё ба ҳамсарат дар рушди истеъдоду тавонмандиаш кўмак расонидаӣ? Инсон ҳангоме мебинад, ки шахсе ба ў дар ҳосил намудани рағбаташ кўмак мерасонад он шахсро дўст медорад ва эҳтиром мекунад. Баъзе шавҳароне ҳастанд, ки истеъдоду қудратмандии ҳамсарашонро паст шуморида, онро амри ночиз медонанд. Ин кори зишт аст, занро аз мард дилгир месозад. Марде, ки чунин рафтор дорад ў ҷоҳил аст, намедонад, ки бо мардум чӣ тавр бархурд кунад, балки бо шахси ба худаш наздиктарин. Амали дўстдоштаи ҳамсаратро бояд эҳтиром намоӣ, гарчанде, ки он дар назарат ночиз намояд. Барои мисол Паёмбар (с)-ро ба ёд биёр. Ў (с) хурдии синну соли ҳамсараш Оишаро (р) дарк мекард, бо ў мусобақаи давидан карда, гоҳо мебуриду гоҳе мебохт.

Бо Оиша (р) ҳазлу шўхӣ мекард. Оиша (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) аз ғазваи Табук ё Хайбар баргашт, дар ҳоле ки Оиша (р) машғули бозӣ буданд. Шамоли вазидаистода тарафе аз пардаро баланд намуд ва «духтарҳои» Оиша (р), (яъне лухтакҳо) намоён шуданд. Паёмбар (с) фармуд: «Инҳо чист эй Оиша (р)?»

Оиша (р) гуфт:

- Духтарони ман. Паёмбар (с) байни онҳо асперо дид, ки бол дошт, пас фармуд: «Ин чист, ки миёни онҳо мебинам?»

Оиша (р) гуфт:

- Асп.

Ў (с) фармуд: «Чист бар он?»



Оиша (р) гуфт:

- Болҳои он.

Ў (с) фармуданд: «Асп ба худ бол дорад?».

Оиша (р) гуфт:

- Нашунидаӣ, ки Сулаймон (а) филе дошт, ки чандин бол дошт?!

Пас Паёмбар (с) хандиданд ба ҳадде, ки дандонҳои курсиашон намоён гардиданд.1

Шумо бинед, ки ҳамсаратон ба баъзе бозии давраи бачагӣ машғул аст, оё ҳамчун Расулуллоҳ (с) хушмомилагӣ карда, ба ҳазлу шухӣ мепардозед ва ё маломат карда масхарааш мекунед? Шавҳар бояд донад, ки амали писандида ё истеъдоди шахс барои ў хеле маҳбуб аст. Ў дар он амал худашро мебинад ва бо анҷоми он эҳсоси хушҳолӣ мекунад ва шумо ҳангоме, ки истеъдоди ўро маҷрўҳ месозед ё амали писандидаи ўро масхара мекунед, бо ин амалкард шумо роҳеро, ки ў аз он саъодаташро касб мекунад бастаед. Ва аз ҳаққи шумо нест, балки агар бо ҳамсаратон чунин рафтор кунед, натиҷаи нохубе барои шумо ба бор хоҳад овард.

Ҳенри Ҷеймс мегўяд:

«Аввалин чизе ки дар фанни муъомила бо мардум бояд донист, ин аст, ки садди роҳҳое, ки саъодаташонро аз он касб мекунанд нашавед, магар дар ҳоле, ки он садди роҳи шумо бошад».

24.

Ҳассосияти ҳамсаратро дар ҳоли бордорӣ ва давраи моҳона (ҳайз) риоя намо.

Бешубҳа ҳолати нафсии зан баъзе вақтҳо дигаргун мешавад, табиъаташ нозук гашта, мизоҷаш олуда мешавад ва монанди ин дигар иллатҳо. Ин иллатҳо замони давраи моҳона, ҳомиладорӣ, хусусан дар моҳи аввали бордори зоҳир мешаванд. Ин илова бар дарду аламҳое ҳастанд, ки дар он ҳангом зан дучори онҳо мегардад. Аз ин лиҳоз барои мард лозим аст, ки дар ин марҳилаҳо нафсияти занро риъоя намуда, заъфи ўро ба назар гирад. Аллома Мавдудӣ дар китоби худ «Ҳиҷоб» аз баъзе устодони тиб суханони муҳиммеро дар бораи дигаргуниҳое, ки бар зан аснои ҳомиладорию давраи моҳона ворид мешаванд нақл мекунад: масалан ў мегўяд:

«Муъоинаҳои тиббие, ки табиб Креҷу бар иддае аз занҳо анҷом додааст, далолат бар он мекунанд, ки нисфи занҳо дар рўзҳои давраи моҳонаашон аз камҳазмии меъдаашон шикоят мекунанд ва дар рўзҳои охири давраи моҳона аз қабзият ё сахт шудани мизоҷашон шикоят мекунанд. Табиб Ҷеб Ҳорд мегўяд: кам ҳастанд заноне, ки дар рўзҳои давраи моҳонаашон аз иллате шикоят накунанд, бисёри занҳо аз дарди сар, алами зери ноф ва камиштиҳои шикоят мекунанд. Табиъати эшон тира гашта, гоҳо гиря мекунанд».

Табиб Фулситшифкий аз мушоҳидаҳои дақиқи худ чунин натиҷа гирифтааст, ки дар рўзҳои давраи моҳонааш қувваи ақлӣ ва фикрии зан заъиф мегардад. Табиб Крофт Ийнбеҷ менависад: дар ҳаёти ҳаррўзаамон мушоҳида мекунем, ки занҳое, ки ахлоқи ҳамида, рафтори нарм доранд ва қобилияти хуби корӣ доранд, табиъаташон ба муҷарради дохил шуданашон дар рўзҳои давраи моҳона дигаргун мешавад. Бинобар ин,ба шавҳар лозим аст, ки дар рўзҳои давраи моҳона ба ҳар тасарруфоти зан иллатҷўӣ накунад, чун дигаргуниҳои зиёди баданию рўҳӣ, ки заъфу нотавонӣ дар пай дорад, ба ў ворид мегардад, тавре ки пештар баён доштем. Инчунин тағйиротҳои шадидтар аз он чи баён доштем ба зан дар замони бордориаш ворид мегардад, хусусан дар се моҳи аввали он. Табиб Реберф мегўяд:



«Қувваи зан дар замони ҳомила тавоноии бардошти машаққати баданию ақлиро тавре ки дар дигар ҳолатҳо соҳиб аст, надорад. Дар ҳақиқат аворизи (дигаргуниҳои) бордорӣ агар барои мард ё зани ғайрибордор бошад, ҳаройна, бидуни шак, бар он зан ё мард ҳукм ба беморӣ карда мешавад».

Дар муддати бордорӣ асаби зан халалдор барои чанд моҳ боқӣ мемонад, тавозуни зеҳниаш музтариб мегардад ва ҳамаи он унсурҳои зеҳниаш дар ҳолати нобасомон мебошад. Ў дар ин асно байни беморию сиҳатӣ аст ва камтарин сабаб метавонад ўро ба беморӣ гирифтор кунад. Табиб Фишер мегўяд:

«Ба таҳқиқ, ҳатто зани солим аз изтироби шадид дар замони бордорӣ дар амон намемонад; мизоҷаш ҳамеша дигаргун мешавад, афкораш мушавваш мегардад ва дар ақлаш фикрҳои бад ворид мешавад».

Ва нуқтаи дигаре ки Ҳюлок Ийлс, Алберт Мул ва ғайри онҳо иттифоқ намудаанд, ин аст, ки дар моҳи охир аз моҳҳои бордорӣ ҳеҷ гуна такаллуфи баданӣ ва ақлӣ барои зани ҳомиладор ҷоиз нест».

Пас, барои шавҳар сабр намудан дар ин асно ва кўмак намудани зан дар он чи барояш мушкил аст воҷиб мебошад.
25.

Кўмак намудан ба зан дар тарбияи фарзандон.



  1   2   3   4


©netref.ru 2017
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет