Фасли I. Назарияи асосии давлат ва њУЌУЌ



жүктеу 2.19 Mb.
бет1/11
Дата01.05.2016
өлшемі2.19 Mb.
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
: ld
ld -> -
ld -> Шпаргалка " Мұртты обалар" көп тараған аймақ "Ақ жалды жүйрік аттардың иелері" деп аталған тайпа "
ld -> Қазақстан тарихының тақырыбына шпаргалкалары Адамзат тарихы дамуының ең алғашқы кезеңі? Тас дәуірі
ld -> Разработка научно-технологических основ производства катализаторов дегидрирования для синтеза изопрена
ld -> Учебно-методическое пособие для студентов геологического факультета Казань 2004 Печатается по решению
ld -> Реферат Основные элементы и профессиональные правила оформления рекламного объявления
ld -> Қазақстан Республикасы Ішкі істер министрлігінің ақпараттық жүйелерін «электрондық үкіметтің» шлюзімен біріктіру мүмкіндіктерін зерделеу жөніндегі жұмыс жоспары
ld -> Абай Құнанбайұлы Жүрегіңнің түбіне терең бойла
ld -> Төлеу Көбдіковтің елінде

powerpluswatermarkobject4052517

ФАСЛИ I.НАЗАРИЯИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА ЊУЌУЌ



Боби 1.ДАВЛАТ ВА ЊУЌУЌ
§1.Мафҳум,пайдоиш,нишона,назарияҳо ва навъҳои таърихии давлат
Давлат -ташкилоти њокимияти сиёсии љамъият мебошад, ки дорои дастгоњи махсуси маљбуркунї буда, салоњияти худро дар њудуди муайян амалї менамояд. (мафњуми њуќуќї).

Давлат–машинаест, ки њукмронии як синфро аз болои синфи дигар таъмин менамояд.(В.И. Ленин)

Сабабњои пайдоиши давлат:

-гузариш аз иќтисодиёти истъмолкунанда ба иќтисодиёти истењсолкунанда

-таќсимоти љамъиятии мењнат (људошавии чорводорї аз зироаткорї; људошавии косибон; пайдои ши савдогарон)

-афзоиши њосилнокии мењнат ва бавуљуд омадани мањсулоти изофа

-пайдоиши моликияти хусусї

-таназзули авлод ва пайдоиши оила

-таќсимшавии љамъият ба синфњои оштинопазир

Шаклњои пайдоиши давлат:

Ф.Энгелс дар асари худ «Пайдоиши оила, моликияти хусусї ва давлат» се шакли асосии пайдоиши давлатро нишон додааст: афинагї, римї ва олмонї.



- Афинагї (классикї)–давлат ба таври табиї, дар асоси ба вуљуд омадани омилњо ва сабабњои он пайдо шудааст (таќсимоти љамъиятии мењнат, моликияти хусусї, таќсимшавии љамъият ба гурўњњо (синфњо) ва муборизаи оштинопазири байни онњо.

-Римї – муборизаи ањолии берун аз шањри Рим истиќоматкунанда (плебейњо) бар зидди ањолии Рим (патрисийњо) барои њуќуќњои баробар пайдо намудан бо Римињо љараёни пайдоиши давлатро тезонид.

-Олмонї –аз љониби ќабилањои олмонї (онњо дар љамъияти авлодї ќарор доштанд) забт гардидани империяи Рим (дар охири асри V мелодї) онњоро маљбур сохт, ки барои идора кардани империяи Рим давлати худро ташкил намоянд (давлати Франкњо).

Аввалин давлатњо дар Осиёи миёна:

- Бохтар, Суѓд ва Хоразм



Нишонањои давлат:

- Њокимияти давлатї (оммавї)– дастгоњи идоракунї ва маљбуркунї. Гурўњи махсуси одамон, ки танњо ба масъалањои идоракунии машѓуланд.

- Таќсимоти ањолї аз њудуд (таќсимоти марзї-њудудї). Давлат дорои њудуди муайяне мебошад, ки дар он њудуд соњибихтиёрии давлат ифода меёбад. Ањолие, ки дар ин њудуд зиндагї мекунад, шањр вандони он давлат ба њисоб мераванд.

-Соњибихтиёрии давлат–олї (баланд) будани њокимияти давлатї нисбат ба њокимияти ташкилотњо, шахсони дар њудуди давлат буда, мустаќилияти давлат дар муносибат бо дигар давлатњо, ташкилот њои байналмилалї ва минтаќавї.

- Ѓун кардани андоз –он барои пойдории њокимият ситонида мешавад.

- Алоќамандии давлат ва њуќук – давлат бе њуќуќ вуљуд дошта наметавонад. Њуќуќ давлат ва њокимияти давлатиро ба расмият дароварда, ба њамин роњ онро ќонунї (расмї) мегардонад.

Назарияҳои пайдоиши давлат:

1.Назарияи патриахали(падаршоҳи)-давлат натичаи васеъшавии оила мебошад.

2.Назарияи илоҳи(теологи)-худо сарчашмаи ягонаи ҳокимияти замини аст.

3.Назарияи шартномави-давлат дар асоси шартномаи байни одамон ба вучуд омадааст.

4.Назарияи зуровари-давлат дар натичаи маҳсули зури мутеъ намудани як қисми чамъият аз тарафи қисми дигари он мебошад.

5.Назарияи материалисти (маркисти ленини)-давлат дар натичаи пайдоиши моликияти хусуси ва

муборизаи синфи пайдо шудааст.



6.Назарияи психологи-пайдоиши давлат маҳсули руҳу ақли инсон мебошад.

Типњои таърихии давлат

Типњои таърихии давлат - ба гурўњњо таќсим намудани давлатњои дар таърих мављуда ва давлатњои муосир дар асоси хусусиятњои љамъият ва давлат, вазифа, маќсад ва функсияњои онњо мебошад. Чунин типњои таърихии давлатро људо мекунанд:

- Давлатњои ѓуломдорї – (Юнони ќадим, Рими ќадим ва дигарњо)



- Давлатњои феодалї – (Англия, Франсия, ва дигарњо, асри миёна)

- Давлатњои буржуазї (капиталистї) – (Англия, Франсия, ИМА, асрњои ХVII –ХХ)



- Давлатњои сотсиалистї – (СССР, дигар давлатњои системаи сотсиалистї, асри ХХ).

§2.Шаклҳои давлат
Шакли давлат - шакли ташкили њокимияти давлатї мебошад, ки тарзи ташкилшавї, сохтор ва фаъолияти давлатиро дар бар мегирад. Шакли давлат – шакли мављудият ва фаъолияти давлат мебошад.

Ќисмњои таркибии шакли давлат:

- 1.Шакли идоракунии давлат.

- 2.Шакли сохти давлатї.

- 3.Режими сиёсї (давлатї).



1.Шакли идоракунии давлат – ин тарзи ташкили њокимияти давлатї аст.

Намудњои шакли идоракунии давлат:



- Монархия

- Љумњуриявї (республикавї)

1)Монархия.

Монархия – чунин шакли идоракунии давлат мебошад, ки њокимияти олии давлатї ќисман ё пурра дар дасти як кас – сардори давлат (фараон, шоњ, император, амир ва ѓайра) ќарор дорад.

Намудњои монархия:

- Монархияи мутлаќ – њокимияти монарх номањдуд аст.

- Монархияи мањдуд (конститутсионї) – њокимияти монарх дар асоси љорї кардани принсипи таљзияи њокимиятњо мањдуд мегардад.

2)Шакли идоракунии љумњуриявї (республикавї)

Шакли идоракунии љумњуриявї (республикавї) – њокимият ба воситаи маќомоте, ки ба мўњлати муайян интихоб мегарданд, идора карда мешавад.

Намудњои шакли идоракунии љумњуриявї (республикавї):

- Президентї - Њукумат новобаста аз парламент аз тарафи Президент ташкил карда шуда, дар назди ў масъулият дорад.

- Парламентї - Њукумат аз намояндагони як ё якчанд њизб, ки дар парламент аксарият мебошанд, ташкил карда мешавад.

2.Шакли сохти давлатї

Шакли сохти давлатї – тарзи ташкили њудудии давлат, сохти марзиву маъмурии он аст.

Намудњои шакли сохти давлатї:

- Унитарї

- Федеративї

- Конфедеративї



1) Давлати унитарї (оддї)

Давлати унитарї (оддї) - Аз њудудњои алоњидаи маъмурї иборат буда, дорои маќомоти ягонаи марказї ва мањаллї, конститутсия, системаи ягонаи судї ва шањрвандии ягона мебошад (Љумњурии Тољикистон ва ғайраҳо).

Нишонањои давлатњои унитарї :

  • дорои маќомоти олии ягонаи ќонугузор, иљроия ва судї мебошанд;

  • дорои конститутсия, ќонунгузорї ва шањрвандии ягона мебошанд;

  • дар њайати онњо дигар давлат вуљуд надорад;

  • њудуди онњо аз ќисмњои маъмурї-њудудї иборат аст, (вилоят, шањр, ноњия, шањрак ва дењот).

  • дорои ќуввањои мусаллањ мебошанд, ки онро маќомоти марказии њокимияти давлатї роњбарї менамояд;

  • муносибатњои берунї бо дигар давлатњо аз љониби маќомоти марказии давлат амалї карда мешаванд

2)Давлати федеративї (мураккаб).

Давлатї федеративї - давлати мураккаб мебошад, ки дар асоси давлатњои иттињодї созмон ёфта, давлатњои дар њайати он буда дорои мустаќилияти муайяни њуќуќї мебошанд (Олмон, Россия, Њиндустон).

Нишонањои давлатњои федеративї:

  • Аъзои давлати федеративї, ки федератсияро ташкил намудаанд, мустаќилияти худро њамчун давлат дар њудуде, ки Конститутсия пешбинї намудааст, нигоњ медоранд ва дорои воњидњои маъмурию-њудудии худ мебошанд.

  • Ду системаи маќомоти олии њокимияти давлатї федералї ва маќомоти субъектњои федератсия мављуд аст.

  • Субъектњои федератсия дорои конститутсия, салоњияти ќонунгузорї, системаи њуќуќ ва соњибихтиёрии муайяни худ мебошанд.

  • Чун ќоида шањрвандии умумифедаралї ва шањрвандии субъекти федератсия мављуд аст.

3) Давлати конфедеративї.

Конфедератсия – иттињоди давлатњо, ки барои амалї намудани маќсадњои алоњида онро таъсис медињанд; аъзои ин иттињод мустаќилияти худро нигоњ медоранд; бо маќсади фаъолияти якљоя дар соњањои алоњида маќомоти иттињидро ташкил медињанд (ИМА с. 1781-1787).

Нишонањои конфедератсия:

  • дорои маќомоти умумии ќонунгузор , иљроия ва судї (ба мисли федератсия) нестанд;

  • артиши ягона, системаи ягонаи андоз, буљети ягонаи давлатиро надоранд;

  • мављудияти шањрвандии танњо субъекти конфедератсия таъмин шуда, шањрвандии давлати конфедеративї мављуд нест;

  • давлатњои аъзои конфедератсия метавонанд дар бораи системаи ягонаи пулї, ќоидањои ягонаи гумрукї ва дигар масъалањо созишномањо ба имзо расонида онњоро амалї намоянд.

3. Режими сиёсї (давлатї).

Режими сиёсї – Маљмўи воситањо ва тарзњои амалї намудани њокимияти давлатї мебошад. Намудњои режими сиёсї: 1) демократї, 2) ѓайридемократї (режими авторитарї, режими тоталитарї)

1) Режими демократї

Режими демократї – аз калимаи юнонии demos – халќ, cratos – њокимият гирифта шуда, маънояш њокимияти халќ мебошад. Режими демократї таърихї тўлони дошта, њоло чун арзиши умуми инсонї, шакли давлатдории муосир эътироф гашта,кафолатњои њуќуќњои инсонро, иштироки васеи онњоро дар идоракунии давлат ва њаёти сиёсї, гуногунии сиёсї ва мафкуравиро, фаъолияти озодо наи њизбу созмонњои зиёди љомеаро, худидоракунии мањаллиро, раъйпурсї, низоми шаффофи инти хоботро,ошкорбаёниро таъмин мекунад.

2) Режими авторитарї

Режими авторитарї – (Калимаи фаронсавии autoritare – њокимиятї ва лотинии autoritas –њокимият таъсир) – шакли режими сиёсї буда, маънои онро дорад, ки њокимияти давлатї аз љониби гурўњи идоракунандаи сиёсї новобаста аз иродаи ќисми зиёди халќ ташкил карда мешавад. Њангоми идораи авторитарї њокимият ба як маќоми давлатї ё ин ки ба дасти як лидери сиёсї мегузарад. Масалан, президент, диктатор ва ѓайра.

3) Режими тоталитарї

Режими тоталитарї–(Калимаи лотинии totalitas – куллї, пурра, тамомият) – шакли режими сиёсї аст, ки дар он назорати пурраи давлат нисбати њаёти љамъиятї љой дорад. Хусусиятњояш давлатику нонии тамоми соњањои њаёти љомеа, ваколатњои номањдуди њокимияти давлатї, мањдудсозї ё манъи њуќуќу озодињо ва ѓайра мебошад.

§3.Самтњои асосии давлат (функсияњои давлат)
Функсияи давлат – самтњои асосии фаъолияти давлат мебошад, ки барои њалли вазифањои он татбиќ мешаванд.

Самтњои фаъолияти давлат, ки барои амалї гардонидани вазифањои иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва идеологї равона карда шудаанд, функсияи давлатро ташкил медињанд.



Намудњои функсияњои давлат:

-1.Дохилї

-2.Берунї

1.Функсияҳои дохилии давлат:

1)Сиёсї - Фаъолияти давлат дар соњаҳои: иштироки шањрвандон, њизбњо ва њаракатњои сиёсї дар идоракунии давлат.

2)Иќтисодї - Фаъолияти давлат дар соњахои иќтисодї; банаќшагирї; тањияи барномањои иќтисодї; муќаррар намудани асосњои њуќуќии иќтисоди бозорї ва фаъолияти озоди иќтисодї, њифзи моликият, њуќуќи истеъмолкунандагон ва ѓ.

3)Иљтимої - Фаъолияти давлат дар соњаи иљтимої: таъмини шароит барои њаёти арзанда ва инки шофи озодонаи инсон ба воситаи кафолатњои иљтимоие, ки аз љониби давлат дода мешаванд. (таъмини нафаќа, дастгирии оилањои камбизоат, маъюбон, бепарасторон ва дигарњо).

4)Экологї - Таъмини муњити зарурии зист барои инсон, њифзи экология ва ѓ.

5)Њифзи њуќуќу озодињои инсон, сохтори конститутсионї, ќонуният ва тартиботи њуќуќї -кафолат ва таъмини арзишњои номбурда аз љониби давлат.

2.Функсияњои берунии давлат:

1)Мудофиа - Нигоњ доштани сатњи зарурии иќтидории мудофиавии мамлакат

2)Нигоњ доштани тартиботи мављудаи љањонї - Дар арсаи љањонї нигоњ доштани сулњ, пешгирї ва аз байн бурдани љанг, яроќпартої, барњам задании яроќи ќатли ом, њамкорињои байналмилалї дар мубориза алайњи љинояткории муташаккил,терроризм ва экстримизм, маводи мухаддир ва дигарњо.

3)Њамроњ шудан ба иќтисодиёти байналмилалї - Барои пешравии иќтисодии давлат њамроњ шудан ба созмонњои байналмилалї ва минтаќавии иќтисодї (Созмони байналмилалии савдо, Фонди байналмилалии асъор, Бонки умумиљањонї, Бонки Осиёии рушд ва дигарњо).

4)Њамкорї бо дигар давлатњо дар њалли масъалањои умумиљањонї - Љустучў ва дарёфти њалли масъалањои байналмилалї: демографї, экологї, кайњон ва дигарњо.

§4.Дастгоњи(механизми)давлатї
Дастгоњи (механизми) давлатї - низоми маќомоти гуногуни давлатї мебошад, ки ба воситаи онњо давлат њокимияти худро амалї менамояд.

Дастгоњи давлат аз маќомоти давлатї ва шахсони мансабдор иборат буда, ба маќсади функсияи њокимияти давлатиро иљро кардан аз тарафи давлат ташкил дода мешавад.



1.Маќомоти давлатї

Маќомоти давлатї - қисми нисбатан мустаќил ва таркибан алоњидаи дастгоњи давлат мебошад, ки дорои салоњияти муайян буда, дар љараёни амалї намудани функсияњои худ ба ќудрати ташкилї, моддї ва маљбуркунии давлатї такя мекунад.

Намудњои маќомоти давлатї:

-1)Маќомоти қонунгузор– Маљлиси Олї (маќомоти олї) ва маљлиси вакилони халќ (маќомоти мањаллї)

-2)Маќомоти идоракунии давлатї (иљроия) – Њукумати ЉТ (маќомоти олї, марказї) ва Њукуматњои вилоят, шањр ва ноњия (маќомоти мањаллии иљроия)

-3)Маќомоти судї-Низоми судии Чумҳурии Точикистон (Суди конститутсиони,Суди Оли,Суди Олии Иқтисоди,Суди Ҳарби.Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳо,шаҳри Душанбе,шаҳру ноҳияҳо)



2.Шахси мансабдор-шахсе дар назар дошта шудааст,ки ба таври доими ё муввақати ё бо

ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимиятро ба чо меоварад ё вазифаи ташкилию маъмури

ҳочагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлати,муассисаҳои давлати,мақомоти худидоракунии

давлати анчом медиҳад.

Боби 2.ДАВЛАТИ ЊУЌУЌБУНЁД
§5.Давлати њуќуќбунёд ва нишонаҳои он
Давлати њуќуќбунёд – ин шакли њуќуќии ташкил ва фаъолияти њокимияти сиёсии омма аст.

Давлати њуќуќбунёд – давлатест, ки дар он њуќуќ њукмрон аст.

Нишонањои (аломатњои) давлати њуќуќбунёд:

1)Волоияти ќонун – ташкил ва фаъолияти давлат, маќомоти он, шахсони мансабдори давлатї, ташкилоту шахсони алоњида дар асос ва тибќи ќонун сурат мегиранд.

2)Таљзияи њокимияти давлатї – ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї сурат гирифта, омили асо сии манъи худсарии њокимияти давлатї мегардад, фаъолияти байни онњо дар асоси принсипи «худ дорї ва муќовимат» амалї мегардад. Он принсипи бунёдии давлати њуќуќбунёд буда, мустаќилияти њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї ва худнигањдории онњоро дар назар дорад. Таљзияи њокими ят дар моддаи 9 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баён шудааст.

3)Кафолати њуќуќу озодињои инсон ва шахрванд – давлат на танњо њуќуќу озодињои инсон ва шањр вандро эълон ва эътироф менамояд, инчунин њимоя ва њифзи онњоро бояд таъмин намояд.

4)Масъулияти байнињамдигарии давлат ва шахс – дар давлати њуќуќбунёд давлат ва шањрванд дар назди њамдигар масъулияти (љавобгарии) баланд доранд. Тавре, ки дар ќисми 3 моддаи 5 Консти тутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст, давлат на танњо њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандонро эътироф мекунад, балки ўњдадор аст, ки онњоро риоя ва њифз намояд. Њамзамон давлат ва њамаи маќомоти он, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттињодияњои онњо вазифадоранд Конститутсия ва ќонунњои кишварро риоя ва иљро намояд. (моддаи 10 Конститутсия)

§6.Љомеаи шањрвандї
Давлати муосири ҳуқуқбунёд ва ичтимои бо мафҳуми «чомеаи шаҳрванди»пайванди ногусастани дорад.Тасаввурот дар чомеаи шаҳрванди аз таълимоти Арастую,Афлотун,Сисерон,мутафаккирони даврони Эҳё сар карда,то ақидаҳои файласуфон ва ҳуқуқшиносони имруза эволютсияи дурударозе ро тай кардааст.Истилоҳи «чомеаи шаҳрванди» аз асри 18 сар карда босуботона истеъмол мешавад, то ин вақт олимон давлат ва чомеаро чун воҳиди ягона барраси мекарданд.

Љомеаи шањрвандї - чомеаст, ки дар он шаклњои гуногуни моликият ва намудњои фаъолияти иќти содї, њама замина барои ташвиќи ќоидањои ѓоявї, инчунин ягонагии муайяни фардї ва љамъиятї вуљуд дорад. Маљмўи муносибатњои ѓайридавлатї ва ѓайрисиёсї (иќтисодї, иљтимої, фардї, ахлоќї, маънавї, оилавї, динї ва дигарњо) мебошанд, ки озодона (мустаќилона) амалї мешаванд ва ба њокимияти давлатї вобаста (тобеъ) нестанд.

Љомеаи шањрвандї–чомеаи худидоракунандаест,ки аъзои он-одамони озод бо мақсади қонеъсозии

манфиатҳо ва талаботи худ мустақилона зиндаги ва меҳнат мекунанд ва дар назди гузаштаи таърихи,имрузу фардои инсоният масъулияти баланд эҳсос менамоянд.



Унсурҳои(таркиби)асосии чомеаи шаҳрванди инҳоянд:

-шахсият


-шаҳрвандон

-оила вагуруҳҳо

-табақаҳои ичтимои

-мактабҳо ва муассисаҳои дини

-иттиҳодияҳои чамъияти ва ҳизбҳои сиёси

-иттифоқҳои касаба ва созмонҳои ғайриҳукумати

-ВАО-васоити ахбори омма

Приинсипњои (нишонањо, аломатњои) љомеаи шањрвандї:

- Озодии иќтисодї, гуногуншаклии моликият, муносибатњои бозорї.

- Эътироф ва њифзи њуќуќи табии инсон ва шањрванд

- Хусусияти демократї ва ќонунї доштани њокимияти давлатї.

- Баробарњуќуќии њама дар назди ќонун ва суд, њифзи боэътимоди њуќуќњои шахсият

- Гуногунандешии сиёсї ва идеологї

- Озодии сухан, мутбуот воситањои ахбори мустаќил

- Дахолат накардани давлат ба њаёти шахсии одамон, ўњдадорї ва љавобгарии мутаќобилаи давлат ва шахс

- Сиёсати иљтимоии самарабахш, ки зиндагии арзандаи инсонро таъмин менамояд.

Боби 3.ЊУЌУЌ ВА МОЊИЯТИ ОН
§7.Мафњум,нишона,принсип,функсия ва навъҳои таърихии њуќуќ
Њуќуќ - низоми ќоидањои ба њама њатмии рафтор буда, аз тарафи давлат ќабул, муќаррар ва тасдиќ карда мешавад ва муносибатњои муњими љамъиятиро ба танзим медарорад.

Нишонањои њуќуќ:

- умумињатмї

- кафолатнок

- расмї


- системавї

- бонизом

- бемўњлат татбиќшаванда

- танзимкунандаи муночибатњои љамъиятї



Нишонаву аломатҳои фарқкунандаи ҳуқуқ аз дигар қоидаҳои рафтор:

1.Ҳуқуқ мачмуи қоидаҳои ҳатмии рафтори одамон мебошад.

2.Ҳуқуқ низоми меъёрҳои ба ҳама баробар мебошад.

3.Ичрои талаботи меъёри ҳуқуқи бо мачбуркунии давлати таъмин карда шудааст.



Принсипњои њуќуќ - аќидаи пешбаранда, асосњои роњбарикунандае мебошанд, ки моњият ва амали њуќуќро муайян менамоянд.

Принсипњои њуќуќ:

Демократизм – Иштироки васеи одамон, иттињодияњо онњо дар ќонунгузорї ва татбиќи меъёрњои њуќуќ

Гуманизм (башардўстї) – Эътирофи њуќуќии арзишњои шахсият, њуќуќу озодињои он.

Адолат-Яке аз категорияњои ахлоќ ва њуќуќ, ки ба воќеияти конкретї мувофиќ омадан ва ё наома дани моњият ва њуќуќи инсонро ифода менамояд. Талаботи мувофиќати байни мењнат ва музди мењнат, љиноят ва љазо ва ѓайра.

Баробарї дар назди ќонун - Дар он ифода меёбад, ки њама новобаста аз љинс, нажод, миллат, забон, вазъи иљтимої, муносибат ба дин ва дигар њолатњо дар назди ќонун баробар мебошанд.

Љавобгарии байнињамдигарии давлат ва шахс - Љавобгарии њуќуќии шахс дар назди давлат њанго ми вайрон намудани меъёрњои њуќуќ, њамчунон љавобгарии давлат барои иљро накардани ўњдадори њои худ дар назди шахс мебошад.

Функсияи ҳуқуқ-самтҳои асосии таъсири ҳуқуқ ба муносибатҳои чамъияти,ки аз мазмун ва таъино ти он ба миён меояд,фаҳмида мешавад.

Функсияҳои ҳуқуқ:

1)Асоси-функсияҳои танзимнамои ва муҳофизати.

2)Иловаги-функсияҳои тарбияви,идеологи ваиттилооти.

Навъҳои таърихии ҳуқуқ:

1)Ғуломдори

2)Феодали

3)Буржуази

4)Сотсиалисти

Њуќуќҳои фитрї (табиї) ва позитивї:

Њуќуќи фитрї (табиї) – ин маљмўи њуќуќу озодињост, ки аз табиати инсон бармеоянд ва новобаста аз давлат вуљуд дошта, инкишоф меёбанд. (Њуќуќ ба њаёт, ба саломатї, ба ному насаб, озодї, амният ва ѓайра).

Њуќуќи позитивї – аз маљмўи меъёрњои њуќуќие иборат аст, ки аз љониби давлат муайян, ќабул ва таъмин карда мешаванд (меъёрњои њуќуќи позитивї, ќонунњо, ќарорњо, одатњои њуќуќї мављуданд).

§8.Мафњум,намуд ва таркиби меъёри њуќуќ
Меъёри њуќуќ- нишондоди њуќуќї мебошад, ки ќоидаи рафтор, шартњои иљрои онро муќаррар меку над.

Намудњои меъёри њуќуќ:

-1.Меъёрњои ваколатдоркунанда – ба шахс њуќуќи иљрои њаркатњои ќонуниро медињанд. Меъёрњои Конститутсия, ки ба шањрвандон номгўи зиёди њуќуќњоро доданд (ба њаёт, ба тањсил, ба мусофират ва ѓ) ваколатдоркунанда мебошанд.

-2.Меъёрњои ўњдадоркунанда – ба зиммаи шахс вазифаи иљро кардани њаракати ќонуниро мегузо ранд. Чунончї, мувофиќи м.43 Конститутсияи Тољикистон: «Њифзи Ватан, њимояи манфиати давлат, тањкими истиќлолият, амният ва иќтидори мудофиавии он вазифаи муќаддаси шањрванд аст».

-3.Меъёрњои манъкунанда – содир кардани њаракатњои иљозатнагаштаро манъ мекунанд. Масаланл, мувофиќи м 90 Конститутсияи Тољикистон: «Судя наметавонад вазифаи дигареро иљро намояд, вакили маќомоти намояндагї, узви њизб ва созмонњои сиёсї бошад, ба соњибкорї машѓул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эљодї ва омўзгорї.



Таркиби меъёри њуќуќ

Таркиби меъёри њуќуќ - аз шартњои татбиќи меъёр (гипотеза – калимаи лотини буда, асос, фарзи яро ифода мекунад), ќоидаи рафтор (диспозитсия – калимаи лотинї буда, таќсимот, љобаљогузорї, љойгиркуниро ифода мекунанд) ва чорањои љавобгарї барои иљро накардани ин меъёр иборат аст. Таркиби дохилии меъёрњои њуќуќ ба саволи агар-он-гоњ-вагарна (дар акси њол)-љавоб медињад.

1)Гипотеза - (аз калимаи лотинии hypothesis – асос, фарзия) - Ќисми таркибии меъёри њуќуќ мебо шад, ки ба шартњои амалишавии он ишора менамояд, ба мисли синну сол (ба синни никоњи расидан барои бастани аќди никоњ, нафаќа гирифтан њангоми ба синни нафаќа расидан ва ѓ), ваќт (дар ваќти љанго), љой (майдони љанг) ба мисли инњо. Гипотеза се намуд дорад:

  • оддї – як шартро пешбинї мекунад);

  • мураккаб – ду ва зиёда шартро якбора талаб мекунад);

  • алтернативї – меъёр дар сурати будани яке аз шартњои пешбинишуда амалї мегардад.

2)Диспозитсия - (аз калимаи лотинии disposithia – љобаљокунї, таќсимкунї) - Ќисми таркибии меъё ри њуќуќ мебошад, ки дар он ќоидањои рафтор инъикос мегардад. Дар диспозитсия шаклњо ва тарз њои содир намудани рафтори муайян ва ё манъи содир намудани он нишон дода мешавад. Диспо зитсия аз меъёрњо-ќоидањои рафтор иборат аст. Диспозитсия дорои намудњои зерин мебошад:

  • оддї – ќоидањои рафторро бе шарњи он инъикос менамояд;

  • мукаммал – тамоми нишонахои ќоидаи рафторрро дар бар мегирад;

  • њаволакунанда – ќоидаи рафторро инъикос накарда, барои шиносої бо он ба меъёри дигар ишора мекунад.

3)Санксия - (аз калимаи лотинии sanctio – ќарори ќатъи, иљозат) - Ќисми таркибии меъёри њуќуќ мебошад, ки оќибатњои номусоидро (љавобгариро) барои вайрон кардани ќоидањои муќарар гардида пешбинї менамояд. Санксияњо дорои намудњои зерин мебошанд:

1) вобаста ба намудњои љавобгарии њуќуќї – љиної-њуќуќї, маъмурї-њуќуќї, интизоми-њуќуќї, гражданї-њуќуќї;

2) вобаста ба мазмуни чорањои (оќибатњои) пешбинишуда – љаримавї ё сазодињанда (рўёнидани товони зарар, мањрум кардан аз озодї ва ѓайра), пешгирсозанда (дастгир намудани гумонбар, њабс намудан ва дигарњо), барќароркароркунандаи њукуќ(ба кор барќаррор кардан, рўёнидани алимент ва ѓайра);

3) вобаста ба оќибатњои пебинигардида – мутлаќо муайян – љавобгариро аниќ муайян мекунад (њаљми аниќи љарима, аз кор озод намудан ва дигарњо), нисбатан муайян – њадди поёнї ва болоии љавобгарї нишон дода мешавад (масалан, дар Кодекси љиноятї њадди поёнї ва болои мањрумият аз озодї, љарима ва дигарњо нишон дода мешаванд), алтернативї – якчанд намуди љавобгарї пешби нї карда мешавад ва яке аз онњо мувофиќи њолати кор татбиќ карда мешавад (масалан, барои љавобгарии љиноятї – љазои мањрум кардан аз озодї ё љарима ва ба мисли онњо).



Амали меъёрњои њуќуќї

Меъёрњои њуќуќї дар фазо, замон ва ба доираи муайяни шахсон татбиќ карда мешаванд.





  1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11


©netref.ru 2017
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет