Табиати чамъияти инсон



жүктеу 125.53 Kb.
Дата26.04.2016
өлшемі125.53 Kb.
: wp-content -> uploads -> 2015
2015 -> С. Ж. Асфендияров атындағЫ
2015 -> Қазақстан Республикасы Білім және ғылым министрлігі
2015 -> Конференция жұмысының бағыттары: Абайтанудың заманауи бағыттары
2015 -> Vіі международная научно-методическая конференция 1 2 октября 2015 г
2015 -> Реферат kz Қазақша рефераттар сайты Ахмет Жұбанов
2015 -> Келісілді бекітемін
2015 -> Реферат kz Қазақша рефераттар сайты КӨне түркі поэзиясындағы дәСТҮр жалғастығЫ
2015 -> Көрсетілетін қызметті берушінің және оның филиалдарының мекенжайлары
Табиати чамъияти инсон
Чи тавре ки кайд карда шуд, одам хам мавчудоти биологй ва хам мачудияти чамъияти мебошад. Бинобар ин табиист, киба зухуроти хусусиятхои шахс хам омилхои биологи ва хам омилхои чамъияти (ичтимои)таъсир мерасонад. Шахс табиати ичтимои дошта бошад хам, таъсири осори ташкили биологиаш албатта чой дорад.

Пас роли омилхои биологи ва чамъияти дар ташаккули шахс аз чии борат аст? Бо ибораи дигар аз як таносуб, вобастагии байнихамдигари ва алокамандии омилхои табий биологи, модарзоди ва аз тарафи дигар омилхои ичтимои, дар давоми хаётпайдокунанда чй гунаанд; таносуб ва омилхои даруни ва беруни (ирсият ва мухит) тарраккиёти психика чих ел мебошанд? Вакте кидар бораи табият шахс пайдоиши тафовути индивидуалии психологй – хусусиятхои мизоч, характер кобилият, шавку хавас савол мегузаронанд, онро дар назар доранд, ки оё ин хусусиятхо мохиятан табий, модарзодй мебошад, ё ки онхо дар зери таъсири шароитхои берунии хаёт ва фаъолияти одам, дар зери таъсири таълим ва тарбия пайдо шуда, ташаккул меёбанд.

Психалогияи буржуазии мешуморад, ки психикаи одамасоси биологи дорад. Мувофики ин даъво кариб хамаи хусусиятхои умуми ва психикаи одамро табиат пешаки муаян мекунад, яъне онхо сарнавишти табии ва модорзоди мебошад. Тараккиёти бошад процессии «пухта расидани» ин хусусиятхои ба таври ирси мукараршуда аст. дар солхои охир, бо сабаби муваффакиятхои микробиология дар ошкор намудани механизмхои ирсиятии хусусиятхои чисмонии одам, тарафдорони ин нуктаи назар чунин мегуфтаги шуданд, ки гуё хусусиятхои шахс, кобилияти у ба монанди ранги чашм ё муй пешаки «ба программа дароварда шудаанд».

Назарияи табиатимодарзоди доштани хусусиятхои шахс, асоси педагогикаи мактаби хозираи буржуазии мебошад. Олимони буржуазии даъво мекунанд, ки чи хел будани талабаро дониста истода, таълимро ба хусусиятхои тараккиёти у, ки онхоро ирсият пешаки муаян мекунад, мутобик кардан лозим аст. Махз ба хамин такъя карда онхо лаёкати аклии бачахоро бо ёрии усулхои аз нуктаи назари илми беасос – тестхо муайян мекунанд ва вобаста ба дарачаи ба ном кобилиятхои фикри талабагонро ба ин ё он типии мактаб таксим мекунанд. Педагогхои буржуазии хозиразамон акида доранд, ки вазифаи таълиму тарбия аз муайн кардан ва хавасманд намудани «табиати модарзоди» иборат аст. Мувофики акидаи онхо тарбия процессии пассив аст ва бояд аз паси тараккиёти табии (худ аз худи) шахс равад. Онхо таъркид мекунанд, ки мохияти бача нисбат ба таъсироти педагогии беруни устувор буда, хар гунна дахолати педагогие, ки даъвои таъгир додани табиати бачаро дорад, беасос мебошад ва бемуваффакият анчом меёбад.

Психалогхои буржуазии солхои охирмачбур шуданд, ки ба фикрхои худ кайду эзохои гуногун дохил кунанд ва аз чумла ахамияти таълиму тарбия ва роли мухитро эътироф намоянд. Вале дар инчо хам одатан дар бораи таъсири як ваута ва мутавозии дуо мили новобаста ва чудо – чудо таъсиркунанда – хусусиятхои модарзодии биологи ва ихотаи ичтимои, таъсири ичтимоии мухит сухан меравад.

Масъалаи табиати шахс дар асоси таълимоти марксисти – ленини дуруст хал карда мешавад. Хар як одам бо дигар аъзохои чамъияти доимо муносибати муайн дорад. Махз хамин муносибатхои чамъияти хусусиятхои шахсро ташаккул медиханд одам коидахои рафтор. адат ва меъёрхои ахлокии ба хамин чамияти хосро аз худ мекунад. К. Маркс мохияти шахсро хачун мачмуи муносибатхои чамъиятии шахс шарх додаастю Ин чунин маъно дорад, ки хусусиятхои психики шахс бо характери муносибатхои чамъиятие, ки бо онхо одам хамчун аъзои чамъияти, аъзои синфи муияни чамъияти, гурухи ичтимои ва, нихоят айн када мешавад. Мохияти шахс аз руи табиати худ ичтимои мебошад; манбаи тараккиёти хомаи хусусиятхои психики ва фаъоли эчодии у дар мухити ихтирокардаи ичтимои, дар чамиъят вокеъ гаштааст. Шахс бо хастии чамиятиаш муаян карда мешавад. Аз хамин нуктаи назар процессии тараккиёти шахс ин працесси аз тарафи одам аз худ кардани тачрибаи ичтимои, чамъияти мебошад. Хусусиятхои психики одам: сифатхои ахлок, характер, хислатхои ирода, шавку хавас, майл, кобилиятхо хачун натичаи хамон процесс пайдо мешавад ва ташаккул меёбад.

Мо то холл одамро мавчудия чамъияти, мавчудияти ичтимои дида баромадем. Гайр аз ин одам, ба хар холл,мавчудияти биологи хам мебошад. Оё мохияти биологи онро инкор кардан (ба эътибор нагирифтан) мумкин аст? Мохияти тибии, биологи одамро инкор кардан харгиз мумкин нест. «Одам бевосита мачудияти табии мебошад. Вай ба сифати мавчудияти табии мавчудияти табии зинда … дорои куввахои табии мебошад».

Маълум аст, ки хусусиятхои муайяни табии, биологи барои тараккиёти психики одам заруранд. Барои ташаккули хусусиятхои психики одам махз майнаи сар ва системаи асаби у лозим аст. Хусусиятхои табии одам заминаи мухим, шарти зарурии тараккиёти психика мебошад,вале онхо худ аз худ характер, кобилият, шавку хавас, деалу эътикотхои уро муайян намекунанд. майна хамчун ташкили биологи заминаи ба вучуд омадани шуур,шавку хавас, кобилият, эътикот – махсули хасти чамъиятии одам хисоб меёбад. Системаи асаб заминахои модарзодии органикиеро, ки онхо барои дониста гирифтани олами ихотакарда хизмат мекунанд, доро мебошад. Аммо факат дар фаолияти муаяни дар шароити хаёти ичтимои гузаронда, дар процессии таълиму тарбия кобилияти мувофик ташаккул меёбад.

Хусусиятхои табии ба тараккиёти психики таъсир муайян мерасонад. Ин таъсирот чигуна аст?

Хусусиятхои табии рох ва тарзхои гуногуни тараккиёти хусусиятхои психикиро асоснок мегардонанд. Масалан, худи хусусиятхои системаи асаби одам хеч кадом хислатхои психики шахсро пешаки муаян намекунанд. Хеч як бачаи муътадил инкишофъёфтаистода табиатан нотарс ё тарсончак, субоктор ё беирода, мехнат дуст ё танбал, боинтизом ё беинтизом намешавад. Системаи асаб чихел хусусиятхое ки надошта бошад, дар сурати дуруст ба рох мондани тарбияви хамаи хислатхои неки чамъияти ва характери шахсро парваридан мумкин аст. Аммо вобаста ба типии системаи асаб тарбиякардани баъзе хислатхои характер душвортар ва баъзеи дигараш осонтар мегардад ва воситахои инкишофи ин хислатхо гуногун мешаванд.

Ташаккул додани симои маънавии адам дар чамъияти капиталист ива чамъияти социалист ибо роххои гуногун мегузарад. Дар мамлакати капиталисти чамъият бо ду синф – синфи истисморкунанда ва истиморшаванда чудо мешавад. Дар натича муносибахо байни одамон шакли вайронро мегирад, ки дар як тарафи он истисмори берахмона ва дар тарафи дигар бойгари ва серию пури меистад.

Муносибатхо байни одамондар чамъияти капиталисти дар асоси моликияти хусуси, тамаъкориву хариси бунъёд ёфтааст. Хокими бемахдуди капитал дар одамон хисси ба кувва, кобилият ва ташаббуси худ бовари доштанро буги мекунад. Капитализм конунхои гайриинсониро таргиб намуда, дар одамон тасавуротхои оддиро дар бораи ахлоки одами несту набуд мегардонад, тараккиёти озодонаи шахсро ба рохи сабастае мебарад, ки факат дигаргунасозии социалистии чамъият аз он рох баромаданро таъмин менамояд.

Хамаи имкониятхои тараккиёти хаматарафа ва пурраи шахс дар чамъияти социалист ива комунисти ба вучуд оварда мешавад. Хама чиз барои одам – чунин аст шиори чамъияти мо, ки созандаи коммунизм мебошад. Чамъияти социалисти зидиятхои синфиро тамоман нест карда, барои тараккиёти куввахои ахлокии шахс манбаи тамоман дигар, сифатан навро мухайёкад. Пештар тамоми аклу хиради одамизод, тамоми заковати вай, - навишта буд ВюИю Ленин, - факат барои он эчод мекард, ки ба баъзе касон хамаи неъматхои техника ва маданиятро дихаду вале дигаронро аз воситахои заруртарин – маориф ва тараккиёт махрум кунад. Аммо акнун хамаи муъчизахои техника, хамаи комъёбихои маданият дастраси умуми халк мегарданд ва минбаъд аклу хирад ва заковати одамизод харгиз ба воситахоизуригари, ба воситахои истисмор мубаддал карда намешавад.

дар шароити чамъиятисоциалисти одам аз истисмор, зулми иктисоди ва сиёси озод шуда, ба мехнат, истирохат ва маълумоти хукуки пайдо мекунанд. Дар баробари тадричан ба коммунизм гузаштан, афзудани фаровонии неъматхои модди ва маънави имкониятхои инкишофи чисмони ва рухии хар як одам, хамаи аъзоёни чамъият боз хам васеъ ва афзун мешаванд. Ташаккули одами нав дар процесси иштироки фаъолонаи вай дар сохтмони коммунизм,дар зери таъсири тамоми системаи кори тарбиявии партия, давлат ва ташкилотхои чамъияти мегузарад. Мехнати якчояи аъзоёни чамъият, тараккиёти муносибатхои коммунисти, хамкории рафикона ва ёрии байни якдигари дар рухияи коммунизм ташаккул ёфтани шуури одамонро пеш мебарад.




РАВИЯИ ШАХС

Чихати мухимтарини тавсифдихандаи шахс равияи у мебошад, ки максадхои дар назди худ гузоштани одам, саъю кушиши ба у хос, маромхоеро,ки мувофики онхо одам амал мекунад, шавку хавасхоеро, ки одам дар фаъолияти худ онхоро ба асос мегирад, муайян мекунад.

Фаъоли хусусияти умумии мухимтарини шахс буда, дар процесси фаъолияти у дар процесси таъсири байнихамдигари бо мухити ихотакарда зохир мешавад. Аммо одамро чи водор мекунад, к ибо тарзи муайян амал кунад, дар назди худ ин ё он максадро гузорад ва аз паи ба даст даровардани максад шавад? Мавчудияти талаботхо хамин гуна сабабхое мебошанд, ки одамро ба фаъоли водор менамоянд. Талабот хамеша хамчун хиссиёти ба ягон чиз эхтиёч доштан, нарасидани ягон чиз бо ягон чиз каноатманд набудани одамро ифода мекунад. Фаъолии шахс махз ба каноатманд гардонидани талаботхо равона карда мешавад.

Талаботхои одам гуногун мебошанд. Пеш аз хама талаботхои табии, ки онхо мавчудияти одамро таъмин менамоянд, намоён шуда меистанд: талабот ба хурок, либос, чои истикомат хамчун воситаи аз хунуки ва гарми химоя кардан мисоли талаботхои табии мебошанд. Ин талаботхо асоси биологи дошта бошанд хам, онхо аз хамин гуна талаботхои хайвонхо фарк мекунанд. Мо, масалан, тарзи каноаманд кунонидани талаботхои табии одам характери ичтимои дорад гуфта метавонем.

Он гуруснагие, к ибо гушти пухтагии бо ёрии корду вилка хурдашаванда каноат кунонида мешавад, назар ба хамон гуруснагие,ки хангоми он гушти хомро бо даст нохун ва дандонхо фуру мебаранд, дигар хел гуруснаги мебошад.

Дар катори талаботхои биологи талаботхое низ мавчуданд, ки онхо факат ба одам хосанд. Инхо талаботхои рухи ё ичтимои мебошанд. Масалан талабот бо одамони дигар муносибатхои нутки кардан, талабот ба мехнат ва талаботхои маъдани (хондани китоб ва газетахо, ва гуш кардани радио, тамошои театр ва кино гуш кардани мусики ).

Талаботхои одам махсули тараккиёти таърихи – чамъиятии инсоният мебошанд. Дар претцесси ин тараккиёт хам талаботхои табии, хам талаботхои рухии одамон ба вучуд меомаданд,тагир меёфтанд ва мураккаб мегардиданд.

Талаботхо дар шакли умуми зохир мешаванд. Вактеки ки рафтори канкрети, амали конкрети, фаоълияти конкретии одам, ки нихоят гуногуншакланд, дар назар дошта мешавад, сухан дар бораи маромхо ё сабабхои водоркунандаи ин рафтор, амал ё фаъолияти конкрети меравад. Маромхо зухуроти конкретии талаботхо мебошанд.

Хангоми ба рафтори одамон бахо додан натичаи онро ба эътибор гирифтан зарур аст. Факат бо хамин шартин ёон рафторо дуруст бахо додан мумки аст. Масалан, ду талаба бахои баъд гарифтанд ва аз падару модари худ пинхон доштанд. Вале дар як маврид ин рафторро бо хохиши гагин накардани модари нотоб, дар мавриди дигар бо хохиши ба даст даровардани тухфаи ваъдакардаи падар шарх додан мумкин аст.

Шакли зохиршавии талабоъти маърифати инсон шавку хавас мебошад. Шавку хавас бо чунин равияи фаъоли маърифати одам аст, ки ба ин ё он чиз, ходиса ё фаъолият нигарони шуда, бо муносибати мусбати эмотционали доштаи шахс алокаманд аст. Шавку хавас ахамияти нихояд калон дорад – онхо одамро ба аз худ кардани дониш, васеъ намудани чахобини водор менамояд; талабаро мачбур мекунанд, ки у душвори ва монеахоро бартараф намуда, роххо ва тарзхои чукур омухтани донишхоро фаъолона чустучу кунад. Шавку хавас одам бо шароитхои чамъияти – таърихи ва индивиалии хаёт, бо хастии чамъияти ва индивидуалии худи у муаян карда мешавад.

Шавку хавасро аз руи мазмун, васеъги, амики, устувори ва таъсирнокиашон тавсиф медиханд.

Мазмуни шавку хавас бо объектхое, ки шавку хавас ба онхо равона карда шудааст, муайян карда мешавад (шавку хавас ба техника, химия, косманофтика, шохмот ва гайра ).

Шавку хаваси мазмунашон гуногун аз руи кимати чамъиятиашон бахо дода мешавад – баъзеашонро агар дар онхо лахзахои шахси ва чамъияти дуруст пайваст шуда бошанд, мусбат мешуморанд, дигарашон агар пастфитрат ва факат бо каноат манд гардониданиталаботхои хисси ё эхтироси разилона алокаманд мебошанд, манфи ба хисоб мераванд.

Барои шавку хаваси одамони савети идеянокии чукур ва киматноки чамъияти хос аст, ин гунна шавку хавасровазифаи бузурги сохтмони чамъияти каммунисти ба вучуд иеоварад.

Шавку хаваси васеъ ва махдудро фарк мекунанд.Тараккиётихаматарафаи шахс дар баробари васеъ ва хаматарафа будани шавку хавас мавчудияти шавки асоси ва марказиро дар назар дорад. Дар зери шавку хаваси махдуд онро мефахманд, ки одам як – ду шавки хаваси доиирааш танг ва чудогона дораду, дар айни замон ба хамаи дигарчизу ходисахои атроф тамоман бепарво мемонанд.

Шавку хаваси чукур чунин маъно дорад, ки доир ба хаматарафа ва аник омухтани объект талабот мавчуд аст. Ин ба шавку хаваси руяки, ки дар ин маврид одам ходисаеро сатхи меомузад ва шавку хаваси хакики зохир намекунанд, мукобил аст.

Шавку хавасхоро аз руи устувор ва ноустувориашон низ фарк мекунанд. Шавку хаваси устувор муддати дароз устувор нигох дошта мешавад, дар хаёт ва фаолияти одам роли мухим мебозад, ва хусусияти нибатан мустакам гардидаи шахс хисоб меёбад. Шавку хаваси ноустувор ходисаи нибатан кутохмуддат буда, тез ба вучуд меояд ва зуд хомуш мешавад. Одаме, ки шавку хавасаш ноустувор аст, ба осони завк пайдо мекунаду зуд дилсард мешавад.

Шавку хаваси таъсирнок чуни аст, ки ба хаёти ва фаолияти одам таъсири чукур мерасонад, уро ба амалиёти мураттаб ва максаднок гузаронидан дар равияи муайян ба чустучуи фаъолона ва боташаббуси манбаъхои хосил гардонидани максад водор менамояд. Шавку хавас пассив хам мешавад, ки одамро ба ингуна фаъолият водор наменамояд.

Шавку хавасро юа бевоситаи ва бавосита низ чудо мекунанд. Шавку хаваси бевосита бо худи мазмуни ин ё он сохаи дониш ё фаъолият, бо мароковару завкангез будани он ба вучуд оварда мешавад. Шавку хаваси бавосита бо мазмуни объект не, балки бо ахмияте, ки худи ин объект барои омухтани объекти дигари бевосита барои одам шавкангез буда ба вучуд оварда мешавад, (масалан, мактаббача ба математика факат аз хамон сабаб марок зохир мекунад, ки математика ба у баро ба кори дилписандаш – авиамоделъсози машгул шудан лозим аст).

Одам аксар вакт на кореро ичро мекунад, ки ба он бевосита талабот дорад, ва на факат бо коре машгул мешавад, ки ба он шавку хавас дорад. Рафтори шахс низ бо маромхои ахлоки, хисси масъулият, вазифахои чамияти ва хаказо муайян ва идора карда мешавад. Маромхои ахлокии рафтор бо идеалхо ифода меёбад.

Идеали ахлоки намунае мебошад, ки одам дар рафтор ва фаълияти хуб ба он пайрави мекунад. Хаар як давраи таърих идеали худро дорад, ки дар он хислатхо ва вазифахои аз хама мухим ва ахамиятноки одамон тачассум меёбанд. Ба сохти чамъияти совети чунин едиали ахлокие мувофик аст, ки образи он тачассуми хислатхои бехтарин ва пешкадами бинокори каммунизм мебошад. Мо дар хаёти харрузаамон бисёър шахсони пешкадам, бинокорони содики каммунизм, хомиёни диловари Ватанро мебинем, ки чавононаз онхо ибрат мегиранд ва ба онхо пайрави мекунанд; Кахрамонони мехнати социалисти коргарони завод ва мехнаткашони сахро , олимони намоёни мамлакатамон хамин хел одамонанд; Кахрамонони Иттифоки Совети ,лёчик – кайхонавардони мо намунаи ибрат аст.

Эътикод ва идеал мароми мухими рафтор мебошанд, ки онхо ба хам чиз алокамандданд. Эътикод чунин фикрхои асоси, мухокима, мулохиза донишхои муаяне дар бораи табиат ва чамъият аст, ки одамон ба онхо шубха надоранд, онхоро ба гуфтугу эътимоднок хисоб мекунанд ва барои дар хаёт рохбари гирифтанашон кушиш мекунанд. Чихати эмонационалии эътикод бо чукур хис кардани он алокаманд аст. Эътикод на факат чизи фахмида гирифташударо, балки инчунин чукур хискардашуда ва таъсирбахшида аст.

Эътикод ахлоки асоси рафтор ва амалиёти одам, асоси рафтори чамъиятии мебошад. Эътикодхои одамони чамъияти мо , ки бинокори каммунизм мебошанд, коида ва принципхои ахлоки каммунистиро инъикос менамоянд.

Эътикодхое, ки системаи муайнро ташкил медиход, ба чахобинии одам табдил меёбад. Чахобини характери синфи дорад. Чахобини одамон ба чахонбини каммунисти, марксисти – ленини мебошад; ин чахобини конунхои объективии таракиёти табиату чамъиятро инъикос менамояд ва ба манфиати хамаи хизматкашон хизмат мекунад.

Чахонбини коммунисти асоси ташаккули равияи каммунистии хар як шахси чудогона – хиссиёт ва эътикод, ирода ва характер, рафтору фаолият ва муносибати у бо мехнат мебошад.
Ташаккули шахс

Хусусияти психалогии шахс дар зери таъчрибаи ичтимои одам, шароити хаёт ва фаолият, таълим ва тарбияи у шакл мегиранд. Тарбия хамчун процессии таъсиррасонии ба шуурона ва максадноки насли калонсол ба насли хурдсолд роли махсус мебозад. Максади табия аз он иборат аст, ки дар шахс сифатхои муайни ба талаботи чамъияти мувофикбуда ташакул дода мешавад.

Табиист, ки таълиму тарбия характери синфи дошта, дар шароити гуногунии сахти чамияти вазифахои гуногунро дар назди худ мегузорадд ва хар хел воситахои истифода мебаранд. Ташаккулёбии шахс бо шароити чамъиятие, ки одам дар он зиндаги мекунад ва инчунин бо таълиму тарбияе, ки у дар шароити муайяни чамъияти мегирад, муайян карда мешавад.

Вазифахои асоси тарбияи каммунисти – ин дар насли наврас парвишдодани эътикод ва хиссиётхои мустахками каммунисти ва рафтори ахлокии ба онхо асосёфта мебошад. Ин хислатхо бо тамоми тарзи хаёти чамъиятии мо, дар зеъри дар зери таъсири хакикати ихотакарда, хаёт ва фаоъолияти одам, дар рафти кори таълимию тарбиявии мактаб, дар зери тпшкилотхои пионерии ва комсомолии, оила, адабиёти бадеи, кино, театр, ва хоказо тарбияёфта ташаккул дода мешавад. Дар амалияи сохтмони каммунизм сохти психики ва такидахои мувофики шахс, номахои рафтори одамони совети шакл мегиранд.

В.И.Ленин кайд карда буд, ки максади тарбияи каммунисти аз он иборат аст, ки «ко рва кувваи худро касс ба кори умуми сарф кунад… Танхо дар хамин гунна кор чавонписар ва ё чавондухтар ба коммунисти хакики мубаддал мешавад».

Дар бораи тараккиёти психики таъсири халкунандаи тарбиави доштани шароити беруни,мухит, таълим ва тарбия сухан ронда истода, шартхои зеринро дар хотир нигох доштан зарур аст.

Якум ин, ки одам объекти пассиви чорабинихои тарбияви ва таъсироти мухит не, балки мавчудият ва иштирокчии фаоли хагуна процесс аст. Бинобар ин шароити беруни ва таъсириберунии хаёт психикаи одамро бевосита не, балки ба воситаи процессии таъсири байнихамдигарии одам ва мухит муайян мекунанд. Аз ин чихат, вакте ки дар бораи чорабинихо таъсироти тарбияви ва таъсири мухит сухан меравад, онро хамчун процессии таъсири фаъолонаи байни мурабби ва тарбиягиранда фахмидан лозим аст.

Дуюм ин, ки тараккиёти психики нихояти кор ба шароит ва таъсироти беруни вобаста мебошад.

Тачрибаи шахсиюиндивидуалии одам, хусусиятхои индивидуалии сохти психика ва системаи муносибатхои вай ба хакикат дар навбати худ ба ин шароиту таъсиротхо доимо таъсир мерасонанд. Хаминро гуфтан мумкин аст, ки шароитхои таъсироти беруни бо шароитхои даруни муаян карда мешавад.

Аз инчо бояд ба хулосае омад, ки айнан як шароити беруни, як таъсироти тарбияви ба бачахо, наврасон, чавонон ва духтарони гуногун хар хел таъсир расонда метавонад.Масалан талаби муаллимро бачаи боинтизом як хел мефахмад бачаи эркаю инчик, ки дар хонааш ба дусдории аз хад зиёд ва мафтуни оила одат кардааст, дигар хел; тахсини муалим ба наврвси худписанд ва ба бетолеъги одат кардаастЮ хар хел таъсир мекунад.



Сеюм ин, ки одам хамчун мавчудияти фаъол шахсияти худро шуурона таъгир дода метавонад. Дар баробари Тараккиёти психики одам дар ташаккулъёбии шахсияти у худтарбиякуни, яъне кори шууронаи одам, ки максади такмил додани сифатхои шахси уро акс мекунанд, роли торафт калон бозиданд мегирад. Масалан, наврас, навчавон ё духтар дар назди худ вазифаи инкишоф додани суботкори, дикат, бартараф намудани якрави ва дан машкхои муайнро ичро мекунанд, монеахоро бартараф мекунанд, сермахсул мехнат мекунанд ва ба натичаи ба максадашон мувофик ноил мегарданд. Бор охи худтарбиякуни бисёр сифатхои психикиро такмил додан ва баъзе камбудихои шахсиятро бартараф кардан мумкин аст. Барои ба максад расидан муттасил ва суботкорона саъю кушиш кардан, машк ва мехнати муратаб ба натичахои хайратовар расонида метавонанд. Процессии худтарбиякуни махсусан он вакт сермахсул мегардад, ки агар ба таъсири тарбиявии оила, мактаб ё ташкилотхои чамъияти кувват дода шавад, агар максади шахси ва вазифахои худтарбиякунии одам бо вазифа ва максади тарбияи чамъияти мувофик ояд.



©netref.ru 2017
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет